Иди гумрукчиёни тоҷик: ба буҷа қариб 1 млрд сомонӣ барзиёд ворид кардаанд

© Sputnik / Амир ИсаевНашивка на форме сотрудника таможенной службы
Нашивка на форме сотрудника таможенной службы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Нақшаи даромади буҷаи давлати Тоҷикистон дар соли 2022 аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ наздики 6,5 млрд сомонӣ муқаррар карда шуда буд
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Мақомоти гумруки Тоҷикистон нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2022-ро барзиёд иҷро кардаанд, хабар дод сардори ин ниҳод Хуршед Каримзода, роҳбари ин ниҳод.
Каримзода, бахшида ба рӯзи кормандони гумруки Тоҷикистон, ки ҳамасола 22 январ таҷлил мешавад, бо "Ховар" суҳбат карда, хабар додаст, ки нақшаи пардохтҳои гумрукиро беш аз 900 млн сомонӣ барзиёд иҷро кардаанд.
"Соли гузашта ба ҷойи 6 миллиарду 464 млн сомонӣ ба буҷети давлатӣ 7 млрду 410 млн сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 907 млн сомонӣ зиёд аст", - иттилоъ додаст раиси Хадамоти гумрук.
Девушка работает на ноутбуке в кафе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2023
Қариб 30 млн сомонӣ даромади блогерони тоҷик ва огоҳиномаи мақомот ба 80 нафар
Вай барзиёд иҷро намудани нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ дар соли гузаштаро ба амалӣ кардани такмили низоми маъмурикунонии соҳа, хусусан татбиқи қонунгузории амалкунанда дар самти муайян намудани арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ рабт додаст.
Барасмиятдарории босифати молҳои мавриди ниёзи аввали мардум, гузарондани машварат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектони иқтисодии хориҷӣ, таҳкими фаъолият ҷиҳати ҷилавгирӣ аз воридоти ғайриқонунии маҳсулотро Каримзода аз омилҳои дигар хондаст.
Таҷлили рӯзи кормандони гумрук дар ҳолест, ки маҳз 22 январи соли 1992 бо таъсиси Саридораи назорати гумрукӣ дар назди Девони вазирони ҷумҳурӣ заминаи Хадамоти гумрук гузошта шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0