Ҳалокати 4 кӯдаки тоҷик дар зери ях: муроҷиати мақомот ба мардум баъди фоҷиа

© Sputnik Река в Душанбе
Река в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон бозии кӯдаконро болои ях дар ҳоле, ки ҳаво майли гармшавӣ дорад, хатарнок хонда, волидонро ба эҳтиёткорӣ даъват кардааст
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Се кӯдаки 4 ва 5-cола дар пайи фурӯ рафтани ях дар ҳавзи деҳашон сарозер шуда, ҷон додаанд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ҳодиса шоми 21 январи соли равон дар деҳаи Ғарабдараи ҷамоати Балхоби ноҳияи Муъминобод рух додаст.
"Ду кӯдаки 5-сола ва як кӯдаки 4-сола, дар болои яхи обанбори сунъии маҳаллашон ба яхмолакбозӣ машғул шуда, ба об афтида, ғарқ шудаанд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки сокинони деҳа ҷасади кӯдаконро аз об бароварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2023
Марги фоҷиабори падару писар дар ноҳияи Хуросон
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар шаҳри Ҳисор низ ду ноболиғ хостаанд, аз болои рӯди Хонақоҳ убур кунанд, ки ба дарё сарозер шудаанд. Дар натиҷа сокинони маҳаллӣ тавонистаанд, писарчаро зинда аз дарё берун оранд, аммо духатарро наҷот дода натавонистаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуда, бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш кардаст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд.
Ба иттилои ин ниҳод дар пайи рӯй ба гармӣ овардани ҳаво қабати ғафси бисёри ҳавзу кӯлҳо тунук шуда, хавфи сарозер шудан афзоиш ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистонро ахиран сардиҳои шадид фаро гирифта буданд ва бархе аз сокинон дар навоҳӣ дар талоши гарм кардани хонаҳояшон аз ҷумла аз дуди ангишт заҳролуд шуда, дар бархе ҳолатҳо ҷон доданд.
Лентаи хабарҳо
0