Ду қаҳрамони нави UFC - видеои беҳтарин лаҳзаҳои сабқат дар Бразилия

Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мусобиқаи UFC 283 анҷом ёфт, ки қаҳрамонҳои навро рӯи саҳна оварду бархе аз размикорони номӣ шикаст хӯрданд
Дар сабқати асосии мусобиқаи UFC 283 Ҷамол Ҳилли амрикоӣ бо Гловер Тейшейраи бразилӣ зӯрозмоӣ кард.
Дар ин зӯрозмоӣ, ки барои камарбанди холии қаҳрамонӣ дар вазни нимавазнин баргузор гардид, Ҳилли 31-сола бар Тейшейраи 43-сола бо ҷамъи орои доварон пирӯз шуд.
Сабқат тамоми 5 давр давом карда, размикори бразилӣ бо вуҷуди мавриди шадиди латукӯб қарор гирифтанаш таслим нашуду устворияшро нишон дод.
Дар ҷамъбаст доварон бо як овоз бо ҳисоби 50 бар 44 пирӯзиро ба размикори амрикоӣ доданд. Дар пайи шикаст Тейшейра аз анҷоми майдондории касбияш эълон кард.
Рақиби Алиев дар нахустин сабқаташ дар UFC маълум шуд
Дар сабқати дигари муҳими ин мусобиқа, Брэндон Морено бо шикаст додани Дейвсон Фигередо унвонҳои қаҳрамони муваққатӣ ва феълии вазни сабукро якҷо кард.
Дар сеюмин қувваозмоии муҳимтарин, собиқ довталаби қаҳрамонии UFC дар вазни миёна Ҷилберт Бернс дар даври аввал бо як зарба бар Нил Магнии амрикоӣ ғолиб омад.
Яке аз заботарин лаҳзаҳои мусобиқаи UFC 283 пирӯзии Исмаил Бонфими бразилӣ арзёбӣ мегардад, бо зарбаи зону ҳарифро ба нокаут фиристод.
Шикасти размикори шинохтаи бразилӣ Маурисио Хуаро дар даври аввал аз Игор Потераи украинӣ ва бохти навбатии Шамил Абдураҳимови русиягӣ аз Чайлтон Алмейдаи бразилӣ аз натиҷаҳои дигари ин сабқат буданд.
Лентаи хабарҳо
0