Захираро сармо зад: Ӯзбекистон содироти пиёзро манъ кард

Лук, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Тасмими манъи фурӯши пиёз ба хориҷа ба гароншавии қимати ин сабзавот дар бозори дохилии Ӯзбекистон дар пайи сардиҳои шадиди охир рабт дода мешавад
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон содироти пиёзро то аввали апрели соли равон мамнуъ эълон кардаанд.
Тасмими мазкур ба гароншавии қимати ин сабзавот рабт дода мешавад. Бар асари сармоҳои ғайримуқаррарӣ захираи пиёзро дар анборҳои бархе навоҳии ҷумҳурӣ хунук задаст, ки дар натиҷа камбуду гаронӣ ин навъи маҳсулот ба вуҷуд омадаст, навиштааст Sputnik Ӯзбекистон.
Манбаъ афзуд, ки манъи содирот то 1 апрели соли 2023 роҳандозӣ гардидааст.
Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон талаботи ҷумҳуриро ба пиёз то фасли баҳор 346 ҳазор тонна арзёбӣ кардааст, дар ҳоле ки ҳоло дар кишвар 319 ҳазор тонна пиёз мавҷуд аст.
Репчатый лук - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2023
Омодаанд 15 млн доллар пешпардохт кунанд: созиши Давлаталӣ Саид бо сафири қазоқ
Ин ниҳод бо кишварҳои дигар барои ворид кардани ҳаҷми камшуда гуфтушунид мекунад.
Дар Тоҷикистон низ қимати пиёз ба шаш сомонӣ мерасад, аммо мақомот сабабашро шарҳ надодаанд. Қаблан мақомоти тоҷик барои эътидоли нархи пиёз дар бозори дохилӣ содироти онро манъ карда буданд.
Дар зимн шароити Тоҷикистон барои парвариши пиёз мусоид арзёбӣ гардида, талабот ба он дар хориҷи кишвар низ зиёд аст.
Ахиран ҳайати мақомдорони Қазоқистон зимни боздид аз вилояти Хатлон ҳавасмандияшонро барои хариди пиёз баён дошта, таъкид намуданд, ки омодаанд 15 млн долларро пешпардохт кунанд.
Зикр гардидаст, ки дар сурати роҳандозии ҳамкории хуб соҳибкорони қазоқ омодаанд, то 50 млн долларро барои пиёзи кишоварзони Хатлон пардохт намоянд.
Дар пасманзари афзоиши таваҷҷуҳ ва талабот раёсати Хатлон дастур додааст, ки майдони кишти онро соли равон зиёд кунанд.
Лентаи хабарҳо
0