Аз вокуниши толибҳо то патриархати Маскав ба сӯзондани Қуръон дар Шветсия

© AP / Emrah GurelСожжение шведского флага в Анкаре
Сожжение шведского флага в Анкаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Масъули робита бо ҷомеаи патриархати Маскав қуръонсӯзиро вандализм хонда, таъкид намудаст, ки набояд ба чизе, ки барои дигарон муқаддас аст, туф кард
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Сӯзондани Қуръон аз ҷониби як сиёсатмадори ростгаро зимни ҳамоиш дар пеши сафорати Туркия дар Шветсия вокунишҳои тундро дар нуқоти гуногуни ҷаҳон ба вуҷуд овард.
Дар Анқара дар посух ба сӯзондани Қуръон парчами Шветсияро оташ заданд. Сокинони Туркия ин кирдорро зиддиисломӣ хонда, дар ҷавоби беадабӣ эътироз барпо карданд. "Шабе мо ногаҳон ба Стокҳолм меоем!", - шиор доданд эътиозгарон.
Вазорати умури хориҷии толибҳо низ бо нашри як изҳорот сӯзондани Қуръонро маҳкум карда, онро иғвоангезӣ хондааст. Толибҳо аз Стокҳолм талаб кардаанд, ки омилони ин қазияро муҷозот кунад.
Раиси бахши равобити бо ҷомеа ва расонаҳои патриархати Маскав, Владимир Легойда сӯзондани Қуръон аз ҷониби як сиёсатмадори ифротгарои ростгарои Шветсияро "амали вандализми ғайриқобили қабул" номид.
Пресс-секретарь президента России Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Кремл иқдомаш баъди вуруди Шветсия ва Финландия ба НАТО-ро ошкор кард
"Наметавон ба чизе туф кард, ки барои шахси дигар муқаддас аст. Дар муборизаи сиёсӣ аз марзи башарият убур карда, муқаддасоти мазҳабиро таҳқир кардан мумкин нест", - таъкид намудаст Легойда дар саҳифааш дар "Telegram".
Маврид ба зикр аст, ки ахиран як сиёсатмадори радикали ростгарои аврупоӣ ва раҳбари ҳизби "Муомилаи сахт" Расмус Палудан китоби муқаддасро дар назди сафорати Туркия сӯзонд.
Ӯ ба ин иқдом зимни ҳамоише даст зад, ки барои баргузории он дар пеши сафорати Туркия дар Шветсия иҷозат дошт.
Лентаи хабарҳо
0