Ду баробар зиёд: Саудӣ квотаи ҳаҷ барои Тоҷикистонро бештар кард

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкПаломники в Мекке, архивное фото
Паломники в Мекке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Созиш дар мавриди ҷудо намудани теъдоди бештари квотаи ҳаҷ барои зоирини тоҷик зимни сафари ахири як ҳайати мақомдорон ба Арабистони Саудӣ ҳосил шудаст
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Теъдоди квотаҳои ҷудошуда барои Тоҷикистон дар мавсими Ҳаҷ-2023 ҳудуди 7 ҳазор ададро ташкил медиҳад.
Ин миқдор квотаҳо барои зоирини тоҷикро Арабистони Саудӣ ҷудо кардааст, гуфт, сухангӯӣ Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, Афшини Муқим дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, созиш ахиран зимни сафари ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи дин, Сулаймон Давлатзода дар Арабистони Саудӣ ҳосил шуд.
То ба 7 ҳазор расондани квотаҳо дар ҳолест, ки қаблан шумораашон ба далоили пандемияи коронавирус то ба 3,5 ҳазор адад кам шуда буданд.
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Кумитаи дин гуфт, ҷониби Арабистони Саудӣ ба ҳамаи кишварҳо таъкид кардааст, ки дар ҳолати хуруҷи дубораи бемории фарогир дубора маҳдудиятҳо барқарор карда хоҳанд шуд.
Рушан Аббясов: Таджикистану будет выделено примерно 8,5 тыс. путевок на хадж - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2023
Квотаи ҳаҷро аз рӯи чӣ медиҳанду муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд онро гиранд? посухи муфтӣ
Қабл аз пандемияи коронавирус то соли 2020 ҳамасола аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба адои маросими ҳаҷ - зиёрати амокини муқаддаси мусалмонон дар Маккаву Мадина мерафтанд.
Арабистони Саудӣ ахиран эълон кард, ки маҳдудиятҳои ҳаҷро, ки ба далели бемории коронавирус қаблан ҷорӣ намуда буд, лағв кард. Таъкид шуд, ки теъдоди зоирон ба ҳолати қабл аз пандемия бармегарданд ва ҳеҷ гуна маҳдудияти синну солӣ вуҷуд надорад.
Ҳаҷи фарзӣ яке аз панҷ рукни ислом буда, аз ҳаҷи умра фарқ мекунад. Дар ҳоле ки адои ҳаҷи умраро метавон дар давоми сол анҷом дод, ҳаҷи фарзӣ фақат пас аз моҳи Рамазон ва иди Қурбон адо мешавад.
Лентаи хабарҳо
0