Даромади Хуҷанд аз як намуди андоз иҷро нашуд

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар 12 моҳи соли гузашта аз 10 намуди даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, дар Хуҷанд даромадҳо аз як манбаи воридоти буҷет таъмин нагардид
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Даромади умумиӣ буҷети шаҳри Хуҷанд дар соли сипаришуда ба маблағи беш аз 574 млн сомонӣ таъмин гардид.
Дар ин бора шаҳрдории Хуҷанд иттилоъ дода, афзуд, ки ин нишондод дар муқоиса ба нақша беш аз 17 млн сомонӣ ё 3,2% зиёд мебошад.
"Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағи 52 млн сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 110%-ро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар ин давра аз 10 намуди даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 1 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин ҳам бошад аз ҳисоби андоз аз даромади шахсони воқеӣ мебошад.
Нашивка на форме сотрудника таможенной службы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2023
Иди гумрукчиёни тоҷик: ба буҷа қариб 1 млрд сомонӣ барзиёд ворид кардаанд
Шаҳрдорӣ тавзеҳ дод, ки аз ҳисоби андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба маблағи 14,6 млн сомонӣ аз нақша камтар маблағ ҷамъоварӣ гардид.
Бақияи қарзи андози андозсупорандагони шаҳр бо назардошти қарзи андози андозсупорандагони калон ба ҳолати декабри соли 2022 зиёда аз 17 млн сомонӣ арзёбӣ гардидааст.
Мақомоти Хуҷанд мегӯянд, тайи ин муддат тавонистаанд, ки ҳаҷми қарздориҳо аз андозро ба маблағи беш аз 1,8 млн сомонӣ камтар кунанд.
Дар мавриди маблағи барзиёдиҷрошуда зикр гардидаст, ки 30% ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ва 5% барои барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ равона карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0