Иштироки 7 ҷудокори тоҷик дар "Grand Prix Portugal": Чаро Раҳимов ва Нуралӣ намераванд?

© Федерация дзюдо ТаджикистанаТаджикский дзюдоист Темур Рахимов
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2023
Обуна шудан
Сайри ҷудои ҷаҳонӣ дар соли равон аз мусобиқаи "Grand Prix Portugal" оғоз мегардад, ки рӯзҳои 27-29 январ дар шаҳри Алмада сурат хоҳанд гирифт
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар мусобиқаи "Grand Prix Portugal" 7 ҷудокори тоҷик, таҳти роҳбарии мураббии ҷопонӣ иштирок мекунанд, хабар дод телевизиони "Варзиш".
Ба иттилои манбаъ, сайри ҷудои ҷаҳонӣ аз мусобиқаи "Grand Prix Portugal" оғоз мешавад, ки рӯзҳои 27-29 январ дар шаҳри Алмада дар назар аст.
Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило, Беҳрузи Хоҷазода дар вазни то 73 кг, Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Комроншоҳи Устопириён то 90 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кг ва Мансур Раҳмон дар вазни беш аз 100 кг ширкат меварзанд.
Ҷудокорони тоҷикро дар мусобиқаи мазкур мураббии соҳибтахассуси ҷопонӣ дар риштаи ҷудо Тамура Тори роҳнамоӣ хоҳад кард.
Боец Фаридун Одилов на Fight Nights Global Global 71, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2023
Рақиби Фаридун Одилов дар лигаи АСА маълум шуд
Инчунин далели иштирок накардани ду паҳлавони номии тоҷик низ шарҳ дода шудааст, ки ба масоили раводид рабт дорад.
"Мутаассифона, ду узви дастаи мунтахаби ҷудои кишвар Темур Раҳимов ва Эмомалии Нуралӣ бинобар сабаби мушкили раводид дар мусобиқаи мазкур иштирок карда наметавонанд", - омадааст дар матлаб.
Зикр гардидаст, ки дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон аз 9 то 16 январ дар аввалин тамрин ва ҷамъомади таълимии байналмилалӣ дар шаҳри Миттерсилли Австрия бо роҳбарии Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ба мусобиқаи мазкур омодагӣ диданд.
Бо иштирок дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Португалия варзишгарон баҳри касби имтиёзҳо барои роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж- 2024 талош мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0