Таъкиди Путин бар рушди низомҳои пардохти миллии кишварҳои АвруОсиё

© Sputnik / Сергей ГунеевПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури Русия гуфт, ҳадафи кишварҳои узви Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиёро ин коҳиш додани хавҳо аз истифодаи арзҳои хориҷӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар паёми ахираш, коҳиши хавфҳо дар тиҷорати мутақобила бо истифода аз арзи хориҷӣ ва низомҳои пардохтро ҳадафи асоси кишварҳои узви Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё номид.
Паёми Владимир Путин кишвардори Русия дар сомонаи Кохи кремлин нашр шудааст.
"Вазифаи муҳими мо дар он аст, ки пайваста бояд хавҳои иқтисодие, ки дар тиҷорати мутақобила ҳангоми истифодаи асъори хориҷӣ ва низоми пардохт эҷод мешавад коҳиш дода шавад. Мо аз он бармеоем, ки шарти ҳатмӣ барои муносибатҳои муътадили ҳисоббаробаркунӣ дар доираи Иттиҳод ин пайвастани шарикон ба Низоми интиқоли Бонки Русия ва рушди ҳамкории байнисистемавии низомҳои пардохти миллӣ мебошад", - гуфтааст раҳбари Русия.
Президент РФ В. Путин провел заседание Госсовета по вопросам реализации молодёжной политики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: Русия талош дорад ҷангро дар Донбасс хотима диҳад
Ҳамчунин, ба гуфтаи кишвардори Русия, ҳамоҳангсозии бозорҳои молӣ бояд шароити мусоиде барои ҳифзи сармоя дар дохили кишварҳои узв таъмин шавад ва ин маблағҳо ба иқтисоди миллӣ сармоягузорӣ шаванд.
Ҳамзамон раисҷумҳури Русия, дар бораи таъсиси агентии рейтингии АвруОсиёро, ки метавонад воситаи баҳодиҳии хидматрасониро дар шароити афзояндаи иқтисодӣ дар макроминтақаҳоро фароҳам созад, қайд кард.
Лентаи хабарҳо
0