Ронанда бо 3 мусофир дар ҷои ҳодиса ҷон доданд: Фоҷиа дар роҳи Ҳамадонӣ

© Sputnik / Томас ТхайцукМедицинская каталка в больнице, архивное фото
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Сонеҳаи нақлиётии пурқурбонӣ дар роҳи мошингард миёни миёни ҷамоати деҳоти Гулистон ва маркази ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон рух додаст
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз садамаи пурқурбонӣ дар ҷануби кишвар хабар дода, ронандагонро ба риояи қоидаҳои ҳаракат ва боло набурдани суръат даъват намудаст.
Ба иттилои КҲФ, як фоҷиаи маргбор 22 январи соли равон дар роҳи мошингард миёни ҷамоати деҳоти Гулистон ва маркази ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба қайд гирифта шуд.
"Мошини тамғаи "Hyundai", ки аз ҷониби як сокини 26-солаи ноҳия Ҳамадонӣ идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз сабаби аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда ба дарахти канори роҳ бархӯрд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки бар асари ин ҳодиса ронанда ва 3 мусофири он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ду мусофири дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона интиқол дода шуданд, омадааст дар иттилоия.
Река в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2023
Ҳалокати 4 кӯдаки тоҷик дар зери ях: муроҷиати мақомот ба мардум баъди фоҷиа
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бори дигар ба ронандагон хотиррасон кардаст, ки ҳангоми ҳаркат қоидаҳои бехатариро риоя намоянд ва аз боло бурдани суръати ҳаракат худдорӣ намоянд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сабабҳои садама дар роҳҳои кишварро таҳлил карда, эълон дошт, ки аз сабабҳои аслии сар задани садамаҳоро риоя накардани қоидаҳо аз сӯи ронандагон номид.
Аз ҷумла нақзи қоидаҳои сабқат, баланд бардоштани суръат ва идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастиро зикр намуд.
Лентаи хабарҳо
0