Ташкили нерӯҳои вижа аз сӯйи толибҳо барои ҳимояи тарҳи ТАПИ

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкГазопровод высокого давления от Елабуги до Нижнекамска
Газопровод высокого давления от Елабуги до Нижнекамска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҳукумати Толибҳо аз ташкили нерӯи вижаи барои таъмини амнияти тарҳи интиқоли гази Туркманистон аз Афғонистон ба Ҳинду Покистон эъломи омодагӣ кард
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Муовини иқтисодии кабинаи толибҳо Мулло Абдулғанӣ Бародар ахиран эълон кард, ки ҳукумати феълӣ барои ташкили нерӯи вижаи амниятӣ барои таъмини амнияти тарҳи интиқоли гази Туркманистон аз Афғонистон ба Ҳинду Покистон, мавсум ба тарҳи ТАПИ, омодагии комил дорад, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Мулло Бародар гуфт ҳарчанд масъулони ин гурӯҳ дар дидор бо масъулони иҷрои тарҳи интиқоли гази Туркманистон аз хоки Афғонистон ба Ҳинду Покистон аз таъмини амнияти ин тарҳ дар хоки Афғонистон итминон доданд, аммо дар сурати ниёз, барои ташкили нерӯи вижаи амниятӣ барои таъмини амнияти тарҳ, омодагӣ дорад.
Вай шарҳ дод, ки тавсеаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятии минтақа, масъулияти муштараки ҳамаи кишварҳои минтақа аст ва бояд иқдомоти муштарак анҷом шавад.
Боевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2023
Фармондеҳи толибҳо: ҳафт ҳазор ДОИШ-ӣ* аз Покистон ба Афғонистон ворид хоҳад шуд
Ҳафтаи гузаштаи раиси иҷроии тарҳи ТАПИ дар сафар ба Афғонистон бо масъулони баландпояи ҳукумати ин кишвар дар бораи иҷроӣ шудани ин тарҳ дидору гуфтугӯ карданд.
Амнияти тарҳи ТАПИ дар хоки Афғонистон ва низ тамаллуки арозии масири ин тарҳ дар дидори масъулони ин тарҳ бо мақомоти ҳукумати толибҳо мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт.
Ёдовари мекунем, ки тарҳи интиқоли гази Туркманистон аз тариқи Афғонистон ба Покистону Ҳинд беш аз бист сол аст, ки ҳануз иҷрои он оғоз нашудааст.
Қарордоди аввалияи тарҳи ТАПИ дар соли 2008 миёни се кишвари Афғонистон, Покистону Ҳинд имзо шуд ва қарордоди аввалия миёни се кишвар бо Туркманистон низ дар соли 2010 ба имзо расид. Тарҳи мазкур бояд то соли 2018 такмил мешуд, аммо ҳамчунон қадами ҷиддӣ барои такмили ин пружа бардошта нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0