Толибҳо Ӯзбекистонро дар иҷро накардани уҳдадориҳо муттаҳам карданд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкПредставитель движения "Талибан"
Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазири умури хориҷӣ дар ҳукумати толибҳо аз мақомоти Ӯзбекистон хостааст, уҳдадориҳои гирифтааш дар мавриди интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистонро иҷро кунад
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Толибҳо Ӯзбекистонро дар иҷро накардани ӯҳдадориҳои гирифтааш дар мавриди интиқоли нерӯи барқ ​​муттаҳам карданд, иттилоъ дод Sputnik Афғонистон.
Вазири умури хориҷии ҳукумати толибҳо, Амирхон Муттақӣ, дар конфронси Кобул аз мақомоти Ӯзбакистон даъват кард, ки ӯҳдадориҳои худро аз рӯи шартнома бо ширкати энергетикии Афғонистон - DABS иҷро кунанд.
Вай хоҳиш кардааст, ки Тошканд 400 МВт-и ваъдашударо таъмин кунанд. Ба гуфтаи Мутаққӣ, ҳоло кишвар нерӯи барқ ​​намегирад, ки мушкили афғонҳоро дар шароити зимистони шадиди имсол бадтар мекунад.
Қаблан шартнома оид ба интиқоли нерӯи барқи Ӯзбакистон ба Афғонистон дар соли 2023 тамдид шуд, аммо зоҳиран бо сабаби обу ҳаво пурра иҷро нашуда истодааст.
Таджикистан и Афганистан подписали соглашение о поставках энергии на 2023 год. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2023
Созиши Душанбею Кобул дар мавриди содироти нерӯи барқ ​​барои соли 2023
Пештар Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон иқрор шуд, ки бинобар таъмири хатти интиқол, содироти нерӯи барқ ба Афғонистон коҳиш ёфтааст.
Сухангӯи ширкати энержии DABS-и Афғонистон, Ҳикматулло Майвандӣ, изҳор дошта буд, ки ба далели мушкилот дар шабакаи барқ, Ӯзбекистон муваққатан натавонистааст ӯҳдадориҳои қарордодии худро дар назди Кобул иҷро кунад.
Ба гуфтаи вай, толибҳо талош доранд, камбуди энергетикиро аз ҳисоби зиёд кардани иқтидорҳои дохилӣ, аз ҷумла аз нав ба кор андохтани марказҳои гармидиҳии аловӣ бартараф кунанд.
Ҳукуматдорҳои нав дар Афғонистон ба мардумашон ваъда медиҳанд, ки сарфи нерӯи барқро муассисаҳои давлатӣ кам карда, захираи озодшударо ба манзилҳои истиқоматӣ равона мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0