Ӯзбекистон содироти барқ ба Афғонистонро аз сар мегирад

Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазорати энергетика Ӯзбекистон хабар додааст, аз 25 январи соли равон содироти барқ ба Афғонистон аз сар гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дафтари матбуоти вазорати энергентикаи Ӯзбекистон ахиран эълом кард, ки Ӯзбекистон тасмим дорад содироти барқ ба Афғонистонро аз 25 январ, ки дар 14 январ ба далели сармои ғайриодии ҳаво ва камбӯди манобеи энержӣ дар ин ҷумҳурӣ мутаваққиф шуда буд, аз сар бигирад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Пеш аз ин расонаҳои Афғонистон гузориш дода буданд, ки вазири умури хориҷаи Афғонистон Амирхон Муттақӣ аз мақомоти Ӯзбекистон хост, то бар асоси тавофуқномаи Кобул ва Тошканд ба таъмини барқ пойбанд бошанд.
Ба вижаи сокинони пойтахти Афғонистон дар ҳафтаҳои ахир дар яхбандони шадид бо қатъи барқ мувоҷеҳ шуданд.
Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон дар паёме дар telegram-канали худ эълом кард, ки қарораст таъмини барқи Ӯзбекистон ба Афғонистон аз 25 январ аз сар гирифта шавад.
Лампочка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
DABS: Интиқоли барқ аз Ӯзбекистон ба Афғонистон барқарор шуд
Ин манбаъ шарҳ додааст, ки аз 14 январ ба далели коҳиши шадиди дамои ҳаво дар Ӯзбекистон, таъмини сӯхти нерӯгоҳҳои ҳароратӣ бо мушкили мувоҷеҳ шудааст.
"Барои таъмини барқи пойдор барои масрафкунандагон Ӯзбекистон арзаи барқ ба Афғонистон ба таври муваққат мутаваққиф шуд", - гуфта шуда буд дар ин гузориш.
Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон афзуд, ки ба ширкати энержии Афғонистон дар мавриди ин вазъияти Форс мажор ҳушдор дода шуд.
“Барқи тавлид шуда дар Ӯзбекистон барои масрафи дохилӣ содир намешавад", - хабар дода буд вазорати энергетикаи Ӯзбекистон.
Дар соли 2019 шабакаи барқи миллии Ӯзбекистон бо ширкати Брешна (DABS)- и Афғонистон қарордодиро имзо кард то солона то 6 миллиард киловатти соати барқ барои як ширкати афғонӣ ба муддати даҳ сол ба сурати "бигир ё пардохт намо" таъмин кунад.
Лентаи хабарҳо
0