Зеленский иқрор шуд, ки интиқоли танкҳои ғарбӣ ба вазъи ҷанг тағйир намерасонанд

© AP / Natacha PisarenkoПрезидент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури Украина ахиран эълон кард, ки интиқоли даҳҳо тонкҳои ғарбӣ ба вазъи ҷанг дар ин кишвар тағйире нахоҳанд расонд
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Кишвардори Украина Владимир Зеленский дар мусоҳиба бо хабаргузории ARD гуфт, интиқоли даҳҳо танкҳои ғарбӣ ба Украина вазъро комилан таъғйир нахоҳанд дод.
“Вақте артиши Русия, ки ҳазорҳо танк дорад ва бар зидди мо меҷангад, тасмими кишварҳо барои интиқоли 10, 20, 50 танк мушкилотро ҳал мекунад”, - гуфт Зеленский.
Ба эътиқоди вай, интиқоли таҷҳизоти низомии ғарбӣ барои "ҳавасмандгардонии" нерӯҳои мусаллаҳи Украина аст.
Мақомоти Киев чанд моҳ аст, ки аз кишварҳои ғарб барои амалиётҳои ҳамлаӣ танк дархост дорад. Бритониё ба Украина ваъда дод, ки чанд танки Challenger 2-и худро дар ихтиёри артиши ин кишвар мегузорад, дар ҳоле ки Вошингтон аз интиқоли танкҳои Абрамс ба Украина худдорӣ мекунад.
Военнослужащий ВС РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2022
Полковники мустаъфии Амрико гуфт, Украина дар низоъ бо Русия шикаст хӯрд
Тавре Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, Русия ҳеҷ гоҳ аз музокира бо Украина худдорӣ накардааст, аммо худди мақомоти Киев музокиротро манъ кардааст.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, Маскав дар пайи доман задани муноқиша бо Украина нест, балки мехоҳад ба он хотима бахшад. Дар баробари ин кишварҳои ғарбӣ бештар дар бораи зарурати идомаи амалиёти ҷангӣ, интиқоли зиёди силоҳ ба Украина ва омӯзиши сарбозони ин кишвар дар қаламрави худ изҳор мекунад.
Кохи Кремлин, дар навбати худ, борҳо таъкид кардааст, ки интиқоли силоҳи ғарбӣ муноқишаро боз ҳам дарозтар мекунад ва барои Украина фоидае надорад. Ба гуфтаи мақомоти Русия силоҳҳои интиқолёфта ба Украина ҳадафи қонунии артиши Русия хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0