Моҳипарварӣ дар Суғд: Аз пешравӣ то камбудиҳои соҳа

© Sputnik / Камар АхрорРынок Панджшанбе - Худжанд
Рынок Панджшанбе - Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Эксклюзив
Масъулони бахши кишоварзӣ дар бораи афзоиши ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ хабар медиҳанд, дар ҳоле, ки сокинон аз гаронии нарху дастрасӣ ба он шикоят мекунанд
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Идораи кишварзии Суғд, мегуяд, ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар як соли охир ба маротиб афзоиш ёфтааст.
Cардори Сарраёсати кишварзии Суғд, Маъруф Шарифиён дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки давоми соли 2022 истеҳсоли моҳӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба беш аз 610 тон баробар шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ ҳудуди 100 тон зиёд гуфта мешавад.
“Алҳол дар вилояти Суғд аз 63 хоҷагиҳои моҳипарварӣ 32 тояш дар шаҳру ноҳияҳои Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов, Ашт, Спитамен, Айнӣ ва шаҳри Гулистон фаъоланд” – таъкид кард, сардори Идораи кишоварзӣ.
Сардори Идораи кишоварзии Суғд мегуяд, дар кишвар барои рушди соҳа Барномаи давлатии “Рушди соҳаи кишоварзӣ (моҳипарварӣ) барои солҳои 2018-2022” қабул гардида буд ва дар заминаи амалигардии он солҳои охир шавқи соҳибкорону хоҷагидорон ба моҳидорӣ ҳам бештар шудааст.
© Sputnik / Камар АхрорРынок Панджшанбе - Худжанд
Рынок Панджшанбе - Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2023
Рынок Панджшанбе - Худжанд
Бино ба гуфти манбаъ, соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Деваштич ва Зафаробод низ истеҳсоли моҳӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Дар ҳоле масъулин аз афзоиши рақамҳои оморӣ таъкид мекунанд, ки коршиносону мутахассисони соҳа ба мушкилиҳои мавҷудаи моҳидориву моҳипарварӣ ишора мекунанд.
Коршиносон таъкид меварзанд, ки ҳарчанд рақамҳои оморӣ дар бораи афзоиши истеҳсоли моҳидорӣ мегуяд, вале ин рақамҳо ҳанӯз ба солҳои 85 - уми қарни гузашта баробар нестанд.
Ғафур Каримов, Ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи АМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳишинос (ихтиолог) и Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки моҳидорӣ дар шимоли Тоҷикистон кай шурӯъ шуд ва чи гуна рушд кард.
“Аввалин хоҷагии моҳидорӣ ин “Хоҷагии моҳидории Қайроққум” дар шимоли Тоҷикистони саветӣ буд, ки дар соли 1955 таъсис шуд ва то солҳои 80 ум рушд намудааст. Танҳо соли 1974 мутобиқи омори расмӣ танҳо ҳамин хоҷагӣ 520 тон моҳӣ истеҳсол намудааст. Ягона манбаи истеҳсоли моҳӣ ин обанборӣ Қайроққум (ҳоло Баҳри тоҷик) ба ҳисоб мерафт. Мутаасифона ҳоло дар ин обанбори бузург, саноати моҳидорӣ камранг шудааст”, изҳор намуд, коршинос.
© Sputnik / Камар АхрорРынок Панджшанбе - Худжанд
Рынок Панджшанбе - Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2023
Рынок Панджшанбе - Худжанд
Ҳамсуҳбат иттилоъ дод, ки бо таъсири омилҳои табиӣ аз ҷумла сатҳи таҳшиншавии партов дар обанбори Баҳри тоҷик, сол то сол зиёд шудааст, ки ба рушд ва инкишофи табии моҳиҳо таъсири амиқи манфӣ мегузорад.
Зимнан ҶСК “Таъминоти моҳӣ”, “Моҳипарварии Панҷакент” ва хоҷагии моҳидории “Рахшонаи Ашт” аз ҷумлаи бузургтарин хоҳагиҳое гуфта мешаванд, ки беш аз 80 дарсади бозори дохилиро бо моҳӣ таъмин мекунанд.
Ҳоло дар фурӯшгоҳҳо моҳӣ вобаста ба навъаш бо нархи аз 30 то 70 сомонӣ фурӯхта мешавад. Аммо аксар сокинон мегуянд, на ҳама бо ин нарх имкони харидани моҳӣ доранд.
Сиёвуш Бозоров, сокини деҳаи Далёни Боло дар ноҳияи Деваштич мегуяд, ҳанӯз дар ёд надорад, ки бори охир кай моҳӣ харида буд.
“Дар замонҳои пеш бобо ва падарам қариб ҳар ҳафта моҳӣ харида меоварданд. Вақтҳои охир аз чи бошад, ки ба хариди моҳӣ майл надоранд. Шояд баланд будани нарх бошад. Чунки нархи як кило моҳии хуб қариб, ки ба як кило гӯшт баробар шудааст” – зикр кард, ӯ.
Дар ҳамин ҳол баъзе аз моҳидорону моҳифурӯшони бозори “Панҷшанбе” и Хуҷанд мегуянд, ки аз пеш мардум ба истеъмоли моҳӣ ҳамчун “луқмаи ҳалол” таваҷҷӯҳи бештар доштанд ва ин раванд ҳамчунин коҳиш наёфтааст.
© Sputnik / Камар АхрорРынок Панджшанбе - Худжанд
Рынок Панджшанбе - Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2023
Рынок Панджшанбе - Худжанд
Як моҳифурӯш гуфт, ки бештари хариддорон ба ишора ба таъкиди табибон, ки моҳӣ барои ғанигардонидани сафедаҳои таркиби хун муфид аст, ба бозор меоянд.
“Бештари мардум бо тавсияи пизишкон барои даво бахшидани бемори бо истеъмоли моҳӣ ба мо муроҷиат мекунанд. Аз ин рӯ бозор моҳӣ ҳам серодам аст. Чи қадаре ки моҳӣ бештар бошад, ҳамон қадар харидоронаш ҳам зиёд мешаваду нархаш ҳам арзон”- ибрози андеша кард, моҳифурӯш.
Коршинос Ғафур Каримов яке аз сабабҳои ба таври қобили мулоҳиза истеҳсол нашудани моҳиро аз камбуди мутахассисони соҳа арзёбӣ намуд.
“Дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ мутахассисони соҳа намерасанд ва умдатан ҳар кас ба таври худ парвариш мекунад. Аз роҳҳои афзалиятнок ва технологияи муосири моҳипарварӣ кам истифода намебаранд”- зикр кард, ӯ.
Мушкили дигари соҳаро бисёриҳо дар таъмин набудани ғизои солим барои моҳиҳо ном мебаранд.
Рыбак складывает улов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2022
Афзоиши теъдоди хоҷагиҳои моҳипарвару сайди моҳӣ дар Тоҷикистон
Ҳоло аз обанбори Баҳри тоҷик, ки ягона манбаи моҳидорӣ дар шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад, зиёда аз 20 намуди чунин моҳиҳо Зағорамоҳӣ, Ҷумҷумамоҳӣ, Лаққамоҳӣ, Морсармоҳӣ, Суф моҳӣ, Амури сафед ва дигарон навъ сайд мешавад.
Дар шароити хоҷагиҳо моҳиҳои Амури сафед, Пешониғафси сафеду алоча, Капур ва қисман Гулмоҳӣ парвариш мешавад.
Лентаи хабарҳо
0