Муаррифии мавқеъи Тоҷикистон дар бораи самтҳои муҳими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ЭКО

© МИД ТаджикистанаИштирок дар иҷлоси 26-уми Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ
Иштирок дар иҷлоси 26-уми Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи Тошканд мавқеи ҷумҳуриро дар бораи самтҳои афзалиятнок дар чаҳорчӯби ЭКО муаррифӣ кард
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишвар дар шаҳри Тошканд Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 26-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) мавқеи Тоҷикистонро оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории иқтисодӣ муаррифӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, вазири хориҷа дар ин ҷаласа аз ҷумла, дар бораи аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамгироии иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои самарабахши минтақавӣ дар соҳаҳои рушди нақлиёт, занҷирҳои таъминот, кишоварзӣ, саноат, энергетикаи сабз, экология, сайёҳӣ, нақлиёт ва сармоягузорӣ таъкид намудааст.
Сироҷиддин Муҳриддин аз давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои дастгирии ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, ки 14 декабри соли 2022 тавассути қатъномаи якдилона қабулшудаи Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид, изҳори сипос намуд.
Алюминиевый завод ТАЛКО-КРАНТАС в городе Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2022
Омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо Эрон ва кишварҳои узви ЭКО дар бахши маъдан
Вазир ба аҳамияти эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март- Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таъсиси Фонди байналмилалии мақсадноки СММ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва баргузории конфронси сатҳи баланди СММ оид ба ин мавзӯъ дар Тоҷикистон дар соли 2025, ки ҳамчун василаи ҳалли мушкилоти глобалӣ барои андешидани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим хизмат мекунад, таъкид намуд.
Дар робита ба ин, аз давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ даъват карда шуд, ки дар Конфронси оби СММ, ки 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, фаъолона ширкат кунанд.
Хабар дода шудааст, ки дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирон роҳбарони ҳайатҳо дар бораи ба вазъи иҷрои барномаву лоиҳаҳо, фаъолияти кумитаи сатҳи баланд, ниҳодҳо ва мақомоти Созмон, пешрафт ва арзёбии амалисозии ҳадафҳои барномаи “Дурнамои ЭКО 2025”, таъсиси василаи муколамаи сатҳи баланд дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи экология, маърӯзаи Котиби генералии ЭКО, инчунин баъзе масъалаҳои маъмурию молиявӣ якчанд қарорҳо қабул намуданд.
Таъкид шудааст, ки маҷлис бо қабули баёнияи Тошканд ба охир расид.
Ҳамзамон ВУХ-и Тоҷикистон хабар додааст, ки раёсат дар ЭКО аз Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон гузашт.
Лентаи хабарҳо
0