Бе гол: анҷоми нахустин бозии тими ҷавонони Тоҷикистон таҳти роҳбарии мураббии белорусӣ

© ФФТГлавный тренер молодежной сборной Таджикистана (U-20) Олег Кубарев
Главный тренер молодежной сборной Таджикистана (U-20) Олег Кубарев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар ҷамъомади таълимиву тамринии тими миллии ҷавонони Тоҷикистон дар риштаи футбол дар Туркия нахустин бозии санҷишӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Бозии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тими Ироқ дар Туркия бидуни гол мусовӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт, иттилоъ дод ФФТ.
Ба иттилои манбаъ, ин нахустин бозии санҷишӣ таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия буд.
Бозии навбатии тими ҷавонони Тоҷикистон 26 январ бо бошгоҳи "Бухоро" дар назар аст, ки роҳбарии онро дастпарвардаи футболи тоҷик, Ҳаким Фузайлов бар уҳда дорад,
Маврид ба зикр аст, ки моҳе қабл мутахассиси маъруфи беларусӣ Олег Кубарев сармураббии нави мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар риштаи футбол таъйин шуд.
Ба иттилои манбаъ, Кубарев дар ин вазифа Аҳлиддин Турдиевро иваз кард, ки ба кори дигар гузашт.
Боксёр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Се медали муштзанҳои ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё
Таъкид шудааст, Кубарев дар ҷаласаи умумии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба ҳайси сармураббии нави даста аллакай муаррифӣ шуд.
ФФТ афзуд, мутахассиси 56-сола тими ҷавононро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1-ум то 18-уми март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, омода мекунад.
Инчунин Федератсияи футболи Тоҷикистон дар назди сармураббии нав вазифа гузоштаст, ки дастаи ҷавонони кишварроро ба Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар соли 2023 барорад.
Ба ситоди мураббиёни Олег Кубарев ҳамчунин Алиҷон Турдиназаров ва Рустам Қурбонов, ки қаблан ба Аҳлиддин Турдиев кумак мекарданд, ворид шудаанд. Файзалӣ Давлатов масъулияти кор бо дарвозабонҳоро дар даста бар уҳда дорад.
Лентаи хабарҳо
0