Ду нохушӣ дар ВМКБ: 3 хона харобу 1 нафар ҳалок шудааст

© Хилватшо МахмудКамнепад в селе Сангев Дарвазского района ГБАО
Камнепад в селе Сангев Дарвазского района ГБАО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Обуна шудан
Мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ду ҳолати нохуширо ба қайд гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Ҳодисаҳои нохуш дар ноҳияи Роштқалъа ва водии Бартанги ноҳияи Рӯшон рух додаанд, иттилоъ дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Роштқалъа марде ҳангоми ҳезумчинӣ дар роҳи куҳии яхбаста афтидаву ҳалок шудааст. Ба гузориши КҲФ ҳодиса, ки бо марги марди 36-сола анҷомидаст, шомгоҳии 23 январ рух додааст.
Гуфта мешавад, ки мард лағжидаву сараш ба ях мезанад, ки бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ҳалок мешавад. Ин ниҳод дигарбора ҳушдор додааст, ки бо назардошти боришоту яхбандӣ сокинон аз ҳезумчиниву шикор ва моҳидориву молачаронӣ худдорӣ кунанд.
Река в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2023
Ҳалокати 4 кӯдаки тоҷик дар зери ях: муроҷиати мақомот ба мардум баъди фоҷиа
Нохушии дигар дар водии Бартанг рух додаст, ки сангрезӣ 3 хонаи истиқоматии сокинонро хароб шудааст.
Ба гузориши КҲФ, ҳодиса 23 январ дар деҳаи Висави ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон рух дода, хушбахтона талафоти ҷонӣ надорад.
Гуфта мешавад, ки ҳаҷми зарарро Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулодда муайян мекунад.
КҲФ дигарбора ҳушдор додааст, ки боришоти шадид дар манотиқи кӯҳистонии кишвар хатари фаромадани тарма ва сангрезиро бештар кардааст, бинобар ин сокинон бояд аз эҳтиёт кор бигиранд.
Лентаи хабарҳо
0