Баҳои Раҳмон ба кори вазорати саноат ва дастур ба Шералӣ Кабир

© Дафтари матбуоти презтиденти ҶТШерали Кабир, министр промышленности РТ
Шерали Кабир, министр промышленности РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба вазири саноат ва технологияҳои нав дастур додааст, ки то соли 2026 ҳиссаи саноатро дар ММД кишвар ба 26% расонад
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси васеи ҳукумати кишвар гуфт, ки гарчанде соли 2022 дар натиҷаи ба истифода додани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2021-ум 15,4 фоиз зиёд шудааст, аммо барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръат сатҳи он бояд боз афзоиш дода шавад.
Кишвардори Тоҷикистон ба вазорати саноат супориш дод, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 26 фоиз расонидани ҳиссаи соҳаи саноат ва то соли 2026 ба 95 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми маҳсулоти соҳа бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо рушди саноатро дар минтақаҳои кишвар тақвият бахшиданд ва барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок дар корхонаҳои истеҳсолии кишвар чораҷӯӣ намояд.
Ҳамчунин раисҷумҳур роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои навро барои татбиқи амалии яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ҷалби сармоя барои ҳалли мушкилоти корхонаву коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, коркарди ниҳоии ашёи хом дар дохили кишвар ва рушди саноати нассоҷию дӯзандагӣ дар Тоҷикистон вазифадор намуд.
Глава Хатлонской области Курбон Хакимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2022
Соли бобарори Хатлон: Раиси вилоят гуфт, буҷа чанд шуду саноат чӣ қадар
Ҳамзамон Ба Шералӣ Кабир супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ барои таблиғу муаррифӣ кардани бартарии экологии маҳсулоти саноатии бо истифода аз “энергияи сабз” истеҳсолгардидаи кишвар чораҷӯӣ карда, ба корхонаҳои ватанӣ барои гирифтани сертификати "истеҳсоли сабз" аз мақомоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣ мусоидат намояд.
Инчунин кишвардори Тоҷикистон дар бораи ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва ташкили корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дастуру супоришҳо дод.
Дар навбати худ вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ба кишвардори Тоҷикистон гузориш дод, ки эълон намудани солҳои 2022 – 2026 ҳамчун "Солҳои рушди саноат" барои амалишавии раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи устувор гузошт.
Эмомали Рахмон, президент Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2022
Мақомдорон аз рушди саноат ба Президент хабар доданд
Вай гуфт, соли 2022 дар кишвар корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси беш аз 6 ҳазор ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуда, нисбат ба соли қаблӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 15,4 фоиз афзоиш ёфт.
Ҳамзамон қайд гардид, ки дар соли ҳисоботӣ дар кишвар 487 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид.
Дар ин маҷлис зикр гардидааст, ки дар 25 форуму ҳамоишҳои соҳибкорию сармоягузорӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, минтақаҳои Суғд, Хатлон ва Кӯлоб бо иштироки сармоягузорону соҳибкорони дохилию хориҷӣ ташкил ва баргузор гардиданд, ки дар доираи онҳо беш аз 100 санаду созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 32 миллиард сомонӣ, аз ҷумла барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ба имзо расонида шуд.
Лентаи хабарҳо
0