Таъсиси Федератсияи бозиҳои миллии варзишӣ дар Тоҷикистон

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаФлаг Таджикистана
Флаг Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Обуна шудан
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран аз зарурати таъсиси Федератсияи бозиҳои миллии варзишӣ баён дошт
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Дар Тоҷикистон Федератсияи бозиҳои миллии варзишӣ таъсис дода мешавад, иттилоъ додааст Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар.
Манбаъ таъкид кардааст, ки мақсад аз таъсиси он эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб миёни насли наврас мебошад.
Дар ҳамоиши умумии аъзои Федератсияи бозиҳои миллии варзишии Тоҷикистон гуфта зарур шуморида шуд, ки дар баробари доштани имконияти таърихӣ барои эҳё, рушд ва нумуи арзишҳои миллӣ талош варзида шавад.
Мулоқоти ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Дилшод Назаров бо президенти Кумитаи олимпӣ ва паралимпии Арабистони Саудӣ, Шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2022
Тавофуқи Назаров бо шоҳзодаи Саудӣ дар бахши варзиш
Ҳамзамон аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба рушди ин намуди бозиҳо пешниҳодҳо ироа гардиданд.
Қайд карда шудааст, ки бо пешниҳоди аъзо президенти Федератсия Абдулло Раҳмонзода интихоб гардид.
Дар хотима ба муассисон ҷиҳати мунтазам баргузор намудани Фестивали бозиҳои варзишии миллӣ, аъзои Конфедератсияи умумиҷаҳонии этноспорт намудани Федератсияи бозиҳои миллии варзишии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ташкилӣ супориш дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0