Баҳси натиҷаи кори Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи васеи ҳукумат: Раҳмон чӣ гуфт?

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонРустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон бархе аз натиҷаҳои кори шаҳрдории Душанбе дар соли сипаришуда мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Раиси пойтахт, Рустами Эмомалӣ аз натиҷаҳои кораш дар ҷаласаи васеи ҳукумат ҳисобот дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, раиси Душанбе изҳор доштаст, ки тайи соли гузашта дар пойтахт 708 иқдоми созандагӣ амалӣ шудаанд.
Аз ҷумла бунёди 14 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 74 корхонаю коргоҳи саноатӣ, 16,3 километр роҳ, 11 бинои маъмурӣ, 23 иншооти баландошёна бо 28 маркази хизматрасонӣ, 8 иншооти варзиш, рангубори 146 бино амалӣ гардиданд, афзудаст ӯ.
Вай афзудааст, ки иқдомоти дигар бо фароҳам кардани беш аз 2 ҳазор ҷойи нави корӣ татбиқ шуданд.
Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур дар ҷаласаи васеи ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Бег Сабур ба президент гуфт, чӣ гуна суръати интернетро баланду нархашро паст мекунад
"Соли 2022 нисбат ба соли қаблӣ дар пойтахт ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 110%, гардиши савдои хориҷӣ 2 баробар, гардиши савдо 109%, хизматрасонии пулакӣ 126%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 103%, боркашонӣ 1,7 баробар ва мусофиркашонӣ 109% афзоиш ёфтааст", - гуфт ӯ.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳисоботи раиси Душанбе ва вилоятҳоро шунида, роҳбарони шаҳру навоҳиро барои густариши омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ муваззаф кардаст.
Ӯ дасур додаст, ки раисон ба ҳалли саривақтии арзу шикоятҳои мардум, дастгирии соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0