Ваъдаи Ҳаққонӣ ба мақомдори СММ дар бораи таҳсили духтарон дар Афғонистон

© AFP 2023 / AHMAD SAHEL ARMANГлава МВД Афганистана Сираджуддин Хаккани
Глава МВД Афганистана Сираджуддин Хаккани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазири корҳои дохилии ҳукумати муваққати толибҳо эълон кардааст, ки маҳдудияти таҳсил дар макотиб барои духтарон дар Афғонистон доимӣ нахоҳад буд
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Маҳдудиятҳои марбути таҳсили занон дар Афғонистон бартараф хоҳанд шуд, изҳор доштааст, вазири корҳои дохилии толибҳо, Сироҷиддин Ҳаққонӣ.
Ҳаққонӣ дар мулоқот муовини дабири кулли СММ Мартин Грифитс ин нуткаро таъкид кардааст.
Вай афзуд, ки баъзе ихтилофҳо вуҷуд доранд, ки метавон роҳи ҳаллашонро пайдо кард. Ӯ тавзеҳ додаст, ки феълан баҳсҳо дар мавриди низоми таълим ҷой доранд, ки бидуни мушкиле ҳал мегарданд.
Ҳаққонӣ таъкид намудааст, ки ҳар шаҳрванди Афғонистон бояд таҳсилдида бошад то дар барқарорсозии кишвар саҳм гузошта тавонад.
Граница Таджикистана с Афганистаном по реке Пяндж, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2023
Миёни Афғонистону Тоҷикистон пули нав сохта мешавад
Маврид ба зикр аст, ки феълан танҳо духтарони то 12-сола дар Афғонистон метавонанд аз ҳуқуқашон ба таҳсил истифода карда, то синфи 6 таҳсил кунанд.
Пештар Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққати толибҳо дар Афғонистон бо интишори номае аз бастани дарвозаҳои донишгоҳҳо ба рӯи духтарон хабар дод. Ин иқдоми толибҳо вокунишҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба дунбол дошт.
Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз толибҳо интиқод карданд ва хоҳони лағви мамнуъияти таҳсил барои духтарон дар донишгоҳ шудаанд.
Дар вокуниш раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Аҳмад Масъуд гуфт, дарвозаи сохтмони донишгоҳу мактабро метавон баста кард, аммо дари илму донишро наметавон баст.
Бархе аз давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ӯзбекистон низ бо нашри як муроҷиатномаи расмӣ аз толибҳо хост, барои ояндаи дурахшони кишвар ин қарорашонро бозбинӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0