Муҳриддин дар Тошканд бо ҳамтоёни қазоқу туркманаш чиро баррасӣ кард

© МИД ТаджикистанаВстреча между главой МИД Таджикистан Сироджиддином Мухриддином и главой МИД Казахстана Мухтаром Тлеуберди
Встреча между главой МИД Таджикистан Сироджиддином Мухриддином и главой МИД Казахстана Мухтаром Тлеуберди - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи ЭКО дар Тошканд бо вузарои хориҷаи Туркманистон ва Қазоқистон муносибатҳои шарикии стратегиро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Дар шаҳри Тошканд дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтар Тлеубердӣ сурат гирифт, иттилоъ додааст вазорати умури хориҷаи кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ дар рафти мулоқот вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро муфассал баррасӣ намуданд.
Қайд карда шудааст, ки тарафҳо дар бораи ҳамкориҳои мутақобилаи ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зикр гардидааст, ки дар ин мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба васеъ намудани муҳтавои тамосҳои сатҳи олии дарпешистода равона гардид.
Иштирок дар иҷлоси 26-уми Шӯрои вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Муаррифии мавқеъи Тоҷикистон дар бораи самтҳои муҳими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ЭКО
Сироҷиддин Муҳриддин ва Мухтар Тлеубердӣ нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Қазоқистонро, ки дар доираи он давоми соли 2023 як қатор чорабиниҳои муштараки соҳавӣ баргузор карда мешаванд, тасдиқ карданд.
Ҳамзамон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи ин ҷаласа бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дидору гуфтугӯ кард.
Тибқи иттилои ВУХ-и Тоҷикистон зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ шуданд.
Қайд карда шудааст, ки вазирон ҳамчунин доир ба ҷадвали мулоқотҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ ва баланд табодули афкор намуданд.
Лентаи хабарҳо
0