Теъдоди куштаҳо аз сармо дар Афғонистон бештар шуд: шарҳи вазири толибҳо

© PixabayСнежика, архивное фото
Снежика, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Теъдоди талафоти ҷонӣ миёни инсонҳо ва ҳайвонот дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон бар асари сармои шадиди ҳафтаҳои охир афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Шумораи таъйидшудаи қурбониёни сармои ахир дар Афғонистон ба 124 нафар расидааст, иттилоъ дод вазири ҳолатҳои изтирории ҳукумати толибҳо, Муҳаммад Аббос Охунд.
Ба гуфтаи ӯ, таъдоди талафот миёни ҳайвонот дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон аз сардӣ дар сатҳи 70 ҳазор сар қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол сокинони Афғонистон мегӯянд, ҳеч кумаке аз толибҳо нагирифтаанд ва ҳукуматашон тавони ёрӣ ба ниёзмандонро надорад. Дар ҳоле, ки созмонҳои байналмилалии ёрирасон низ ба далели манъи кори занон фаъолияташонро дар Афғонистон мутаваққиф кардаанд.
Муҳаммад Аббос Охунд дар мавриди маҳдудияти кори занон дар созмониҳои ғайриҳукуматию байналмилалӣ изҳор доштааст, ки он бардошта нахоҳад. шуд. Вай аз ҷаҳониён даъват намудааст, ки фарҳанги Афғонистонро эҳтиром кунанд.
Пожарные тушат огонь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2023
Сардӣ сӯхтор дар Суғдро зиёд кардаст
Маҳдудияти кори созмонҳои хайриявӣ дар ҳолест, ки ба гуфтаи толибҳо тайи ҳафтаҳои охир дар бештари вилоятҳо дамои ҳаво “фавқулода” сард будааст, аз ҷумла дар вилояти Ғур ҳарорати ҳаво 33 дараҷа хунукӣ расидааст.
Манобеи маҳаллӣ аз набуди имконоти ҳаддиақале барои муқобила бо сармо ва ҷилавгирӣ аз талафот шикоят доранд ва гуфтаанд, ки мақомҳои маҳаллии толибҳо ҳеҷ тадбире барои расидагӣ ба мушкилот надоранд.
Маврид ба зикр аст, ки сармои шадид тайи ҳафтаҳои охир тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро низ фаро гирифта, мушкилоте дар бахши об, барқ ва мусофирбариро ошкор кард.
Дар ҳамин ҳол ҳавошиносон мегӯянд, рӯзҳои охири моҳи январ нисбатан гарм омада, боришоти сахт дар назар нест.
Лентаи хабарҳо
0