Сипоси мақомот аз саховатпешон барои кумак ба занону кӯдакони аз Сурия баргардонидашуда

© Sputnik / Михаил Алаеддин / Гузариш ба медиабонкСитуация в Алеппо, архивное фото
Ситуация в Алеппо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2023
Обуна шудан
Вазорати тандурустии кишвар ба роҳбарону шаҳрвандони саховатпеша, ки ба қишрҳои осебпазири аҳолӣ пайваста кумакҳои хайриявӣ мерасонанд, қадрдонӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Ба муносибати Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба 8 нафар роҳбарон ва шаҳрвандони саховатпеша, ки ба муасссиаҳои соҳа, категорияҳои осебпазири аҳолӣ ва занону кӯдакони аз минтақаҳои ҷангзадаи давлати Сурия баргардонида шудаанд, пайваста кумакҳои хайриявӣ мерасонанд, Ифтихорномаи вазорат тақдим гардид.
Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ ҳамзамон ба муносибати Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 30 нафар бо нишони Аълочии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 50 нафар бо Ифтихорнома ва 20 нафар бо Сипосномаи вазорат қадрдонӣ шуданд.
Дар баробари ин, аз ҷониби Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ ба фаъолони соҳа Ифтихорнома тақдим карда шуд.
Пострадавший от удара стихии лагерь беженцев Абу-Мазен в поселении Барэльяс в долине Бекаа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2022
Президент гуфт, чанд тоҷикистонӣ ҳанӯз дар Сурия ва Ироқанд
Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки ҳудуди 400 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла занону кӯдакони ҷангиёни гуруҳҳои террористӣ аз Сурия ва Ироқ баргардонда шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи паём ба парлумон иттилоъ дода, афзуд, ки дар бархе ҳолатҳо ҳатто навзодҳоро бо худ гирифта ба он ҷо рафтаанд.
"Қариб 400 нафар занону кӯдаконро, ки шавҳарону падаронашонро куштанд, аз Сурия ва Ироқ баргардондем", - изҳор дошт Раҳмон.
Вай таъкид намуд, ки зиёда аз 400 нафари дигар дар Сурия ва Ироқ қарор доранд, ки бояд онҳо ба Тоҷикистон баргардонда шаванд.
Қаблан президент иттилоъ дода буд, ки дар баробари овардани занону кӯдакон аз Сурия ва Ироқ, ҳамчунин зиёда аз 5 ҳазор донишҷӯёни тоҷик аз таҳсил дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар баргардонида шуданд.
Лентаи хабарҳо
0