Вилояти Маскав вуруди ҳудуди 30 ҳазор муҳоҷир ба Русияро манъ кард

© ГУ МВД России по г. Санкт-ПетербургуПроверка документов у мигрантов, архивное фото
Проверка документов у мигрантов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Мизони ҷинояткорӣ дар вилояти Маскав бидуни тағйир монда, назорат бар вазъи ҷинояткорӣ дайи як соли қаблӣ зери назари мақомоти назоратӣ қарор доштааст
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Кормандони Вазорати корҳои дохилии вилояти Маскав дар соли гузашта вуруди 28,5 ҳазор шаҳрванди хориҷиро ба Русия манъ карданд.
Дар ин бора дар дафтари матбуоти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Маскав пас аз ҷаласаи мушовара оид ба натиҷаҳои кор дар як соли қаблӣ иттилоъ доданд.
Тадбирҳо ба беҳбуди вазъ дар соҳаи сиёсати муҳоҷират амалӣ шуданд, гуфт вазорат.
"Зиёда аз 80 000 санҷиши иншооти гуногун, аз ҷумла 1500 хобгоҳ гузаронида шуд. 177 000 протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст. 28 500 қарор оид ба манъи вуруд ба шаҳрвандони хориҷӣ қабул шудааст", - омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.
Ба дунболи ин, ниҳодҳои умури дохили вазъи ҷинояткорӣ ва мубориза ба онро зери назорат доштаанд.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки шумораи ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда амалан бетағйир боқӣ монда, 74 ҳазор ададро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, мавориди қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, аз ҷумла, боиси марги ҷабрдида, ғоратгарӣ, дуздӣ, аз ҷумла аз манзили зист, дуздии воситаҳои нақлиёт низ коҳиш ёфтааст, афзудааст Сарраёсат.
Мобильный комплекс видеонаблюдения на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Назорати видеоии муҳоҷирон дар Русия пурзӯр мешавад
Яке аз самтҳое, ки пулис дар соли гузашта ба он таваҷҷӯҳи бештар медод, мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла ҷузъи этникии он буд, менависад ТАСС.
Дар ин минтақа ҳамагӣ 463 ҷинояти аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккил ё иттиҳодияҳои ҷиноӣ содиршуда, аз ҷумла 110 ҷинояти нажодӣ ошкор карда шуда, фаъолияти 430 нафар иштирокчиёни фаъоли онҳ пешгирӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0