Захарова: Ғарб "ҷанг алайҳи Русия"-ро пешакӣ тарҳрезӣ карда буд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкБрифинг официального представителя МИД России М. Захаровой
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Изҳороти намояндагони Олмон шаҳодат медиҳанд, ки амалиёти ҳозираи давлатҳои Ғарб ба муқобили Русия ба иқдомоти пешакӣ пешбинишуда монанд аст
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Изҳороти вазири хориҷаи Олмон Анналена Бербок ва садри аъзами собиқи Олмон Ангела Меркел нишон медиҳад, ки Ғарб ҷанги зидди Русияро пешакӣ тарҳрезӣ кардааст.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар Telegram-каналаш навиштааст.
Захарова дар навиштааш аз баромади Бербок дар нишасти парлумони Шӯрои Аврупо, ки рӯзи 24 январ доир шуд, иқтибос овардааст, ки дар он вазири хориҷаи Олмон мегӯяд, агар Аврупо "бозии ангушт ба сӯи дигарон"-ро идома диҳад, Русия ва президенти он Владимир Путин дар муноқишаи Украина пирӯз хоҳанд шуд.
Мужчина на велосипеде проезжает мимо рекламного баннера возле штаб-квартиры крупнейшего немецкого производителя оружия Rheinmetall AG в Дюссельдорфе, Германия. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Олмон интихоби худро кард - ва ба ӯ раҳм нест
Ба гуфтаи вай, агар кишварҳои аврупоӣ ба Украина силоҳ надиҳанд, пас ин "танҳо бо тақсими Аврупо" анҷом меёбад.
Тавре Захарова қайд кард, агар мо ба ин ифшогариҳои Меркелро дар бораи таҳкими Украина бидуни умед ба созишномаҳои Минск илова кунем, пас айнан дар бораи "ҷанги пешакӣ тарҳрезишуда алайҳи Русия" сухан меравад.
Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия баъдан хост, нагӯянд, ки мо "нашунидааем".
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки аз изҳороти собиқ садриаъзами Олмон ноумед шудааст.
Вай таъкид кард, ки Русия бо роҳандозии амалиёти вижа кори дуруст кард, зеро ҳеҷ кас тавофуқоти Минскро иҷро карданӣ нест.
Лентаи хабарҳо
0