Терминатори тоҷик эрониро дар даври аввал "нокаут" кард: видео

Обуна шудан
Нахустин муборизаи Терминатори тоҷик дар доираи лигаи Absolute Championship Akhmat, ки дар Қазон баргузор шуд, бо пирӯзӣ анҷом ёфт
Фаридун Одилов размикори тоҷик дар нахустин бозии худ дар мусобиқаи ACA бо намояндаи Эрон Амир Нурӣ вохӯрд.
Задухӯрд байни терминатори тоҷик ва эронии 28-сола дар Қазон, дар Қасри “Татнефт Арена” сурат гирифт. Тавре шореҳи варзиш қайд кард, пеш аз задухӯрд Фаридун аз ҷиҳати эмотсионалӣ хеле пурқувват буд.
Размикори тоҷик аллакай дар задухӯрди аввал тавонист, ки бар ҳариф зарбаи буғӣ карда, муборизаро пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонад. Набард камтар аз як дақиқа давом кард.
Терминатори тоҷик ҳарифашро дар камтар аз як дақиқа мағлуб кард
Ҳоло Одилов 15 ғалаба, ду бохт ва ду мусофӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки маъмулан терминатори тоҷик дар вазни то 84 кг баромад мекунад. Одилов дар доираи лигаи Absolute Championship Akhmat шартномаи 6-размӣ баста буд. Дар пеш варзишгар боз 5 набард дорад.
Лентаи хабарҳо
0