Муҳлат 2 ҳафтаи дигар монд: Беш аз 2 млн симкорт ҳанӯз аз сабти дигарбора нагузаштаанд

© Sputnik / Стас ЭтвешСим-карта, архивное фото
Сим-карта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2023
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати бақайдгирии дигарбораи симкортҳо бо шиносномаҳои намунаи соли 2014-ро то 15 феврали соли 2023 муқаррар кардааст
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Шумораи симкортҳое, ки соҳибонашон онҳоро бо пешниҳоди шиносномаи намунаи соли 2014 ба қайд нагирифтаанд, беш аз 2 млн-ро ташкил медиҳад.
Дар ин бора муовини аввали сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Илҳомҷон Атоев зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз миёни беш аз 2 млн симкорте, ки то ҳол бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 дар қайданд, беш аз 880 ҳазорашон фаъол мебошанд. Вай аз шаҳрвандон даъват намуд, ки симкортҳоро тайи рӯзҳои боқимонда ба қайд гиранду соҳиби туҳфаҳо дар шакли интернету тарофаҳои муфид шаванд.
Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳанӯзи соли 2016 дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ қабул шуда буд, ҳамаи муштариёни алоқаи мобилӣ бояд симкортҳояшонро бо шиносномаҳои ID, намунаи cоли 2014 аз нав ба қайд гиранд, ки то ҳол пурра иҷро нашудааст.
В Душанбе состоялся первый в истории страны Хакатон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2023
Афзоиши даромади ширкатҳои соҳаи алоқа дар Тоҷикистон: Чанд млрд шуд?
Ҳукумат барои сабти дигарбораи симкортҳо борҳо муҳлати онро тамдид карда, бори охир моҳи феврали соли 2022 онро то 15 феврали соли 2023 дароз кард. Феълан маълум аст, ки ҳукумат дигарбора ин муҳлатро тамдид хоҳад кард ё на.
Ба гузориши Хадамоти алоқаи кишвар, феълан шумораи умумии муштариёни соҳаи алоқа ба 8,3 млн баробар аст, ки аз ин 6,4 млн ададашон фаъоланд.
Аввали соли гузашта Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки зиёда аз 8 млн симкорт дар дасти истифодабарандагон аст, ки ҳудуди 5,5 млн ададаш фаъол мебошанд. Таъкид шуда буд, ки аз ин рақам 2,4 миллион симкорт бо шиносномаи намунаи соли 1996 дар қайд аст, ки аз ин 1,8 миллионаш фаъол мебошад.
Лентаи хабарҳо
0