Қурби рубл дар Тоҷикистон боз коҳиш ёфт: бо доллар чӣ шуд?

© ShutterstockДеньги в руках
Деньги в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2023
Обуна шудан
Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби пули миллӣ дар баробари рубл устувор мешавад, аммо доллар ва евро тадриҷан дигарбора гарон мешаванд
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард. Рубли русӣ ба таври қобили мулоҳиза боз коҳиш ёфтааст.
Тибқи нишондоди ин ниҳод ҳоло 1000 рубл 146 сомонӣ арзиш дошта, нисбат ба як рӯзи қаблӣ як сомонӣ поин рафтааст.
Дар ҳамин ҳол доллари амрикоӣ бомурур майли гароншавӣ дорад.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як доллар 10.2920 сомонӣ медиҳанд. Қаблан як доллар ба 10.2854 сомонӣ баробар буд.
Вазъи пули аврупоӣ низ дар ҳоли беҳтар шудан аст. Ҳоло дар кишвар бар ивази як евро 11.2142 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл бар ивази як евро 11.1843 сомонӣ медоданд.
Динамика золотовалютных резервов Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2022
Миллиардҳо доллар: Захоири тилову асъори Тоҷикистон чиқадар зиёд шуд?
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 144 сомонӣ ва зимни фурӯш 151 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" ва "Алифбонк"қурби ҳазор рублро зимни харид 146 ва дар фурӯш 148,5 сомонӣ муайян намудаанд.
Дар "Спитаменбонк" низ, 1000 рубл зимни харид 145 ва ҳангоми фурӯш 149 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0