Дар Тоҷикистон воридоти маҳсулоти пластикӣ манъ мешавад

© Предоставлено ЭО "Маленькая Земля"Пластиковые бутылки и другой мусор возле Молодежного озера в Душанбе. Архивное фото
Пластиковые бутылки и другой мусор возле Молодежного озера в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2023
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ҳамасола барои тозагии муҳит аз партовҳои плостикӣ чорабиниҳо доир мешавад, ки басанда хонда намешавад ва бар сари манъи ин мавод меандешанд
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон имкон дорад, воридоти маҳсулоти плостикӣ манъ карда шавад.
Пешниҳод дар ин бораро Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба ҳукумати кишвар ироа кардааст.
Дар ин бора раиси ин ниҳод Баҳодур Шерализода зимни нишасти хабарияш гузориш дод.
"Мо тасмим гирифтем ки барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист аз партовҳои пластикӣ, барои манъ намудани воридот ва истифодаи борҷомаҳои пластикӣ ба қонунгузории кишвар тағйирот ворид созем", - гуфт ӯ.
Номбурда гуфт, пешниҳоди мазкур ҳоло дар ҳукумат баррасӣ мешавад.
Панорама города Душанбе с высоты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2022
Душанбеи тоза: ҳамарӯза аз пойтахт беш аз 800 тонна партов бароварда мешавад
Ба иттилои Шерализода ин ниҳод ҳамчунин миёни мардум барномаҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, онҳоро ба даст кашидан аз истифодаи борҷомаҳои пластикӣ даъват мекунанд.
Шерализода афзуд, ки мушкили ифлосшавии муҳил аз маводҳои яккаратаи плостикӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ вуҷуд дорад, бинобар ин ҳоло дар сатҳи СММ оид ба манъи ин мавод гуфтушунид меравад.
Лентаи хабарҳо
0