Наздик ба 3 сомонӣ: коҳиши қимати гази моеъ дар Тоҷикистон

© Sputnik Цена на сжиженный газ в Таджикистан в января 2023 года
Цена на сжиженный газ в Таджикистан в января 2023 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Қимати гази моеъ, аз серистифодатарин маводи сӯхт дар худравҳои навоҳии Тоҷикистон дар муқоиса ба рӯзҳои қаблӣ то 40 - 50 дирам поён шудааст
ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Нархи гази моеъ дар шимоли Тоҷикистон то 3,3 - 3,4 сомонӣ поён бурда шудааст.
Бар асоси нархномаҳои нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт дар Суғд, қимати ҳар литр гази моеъ то 50 дирам коҳиш ёфтааст.
Роҳбари яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Хуҷанд, Фарҳод Комилов ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, воридоти гази моеъ дар муқоиса ба як моҳи пеш бештар шудааст.
“Ҳарорати ҳаво нисбат ба ҳафтаҳои қаблӣ муътадил гардида, шароити воридоти маводи сӯхт ҳам осонтар шудааст. Арзоншавии мол ҳам ба ҳаҷми воридоти он вобаста аст” – гуфт соҳибкор.
Дар зимн дар нархномаи ширкатҳои мусофирбарӣ, ки бисёрашон аз гази моеъ истифода мебаранд, тағйироте дида намешавад.
Солеҳ Нуралиев, сокини шаҳри Панҷакент мегӯяд, дар баробари баланд шудани нархи сӯзишворӣ ронандаҳову ширкатҳо бо шитоб нархи хизматрасонии мусофирбариро баланд мекунанд, вале дар вақти коҳишёбии арзиши сӯзишворӣ, дар поён бурдани нарх шитоб намекунанд.
Газовая конфорка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2023
Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дар соли гузашта камтар газ харидааст
“Аксар таксиҳои шаҳри Хуҷанд бо гази моеъ ҳаракат мекунанд. Нархи ин навъ сӯзишворӣ поён шуд, оё нархи роҳкиро арзон мекарда бошанд?”- суол гузошт ӯ.
Бино ба иттилои дарёфтӣ ҳоло арзиши роҳкиро барои микроавтобусҳо дар дохили Хуҷанд 2,5 сомонӣ ва қимати мусофирбарҳои фармоишӣ 11 сомонӣ аст.
Дар ҳоле нархи гази моеъ поин меравад, ки ҳудуди як моҳ ба ин тараф нархи фурӯши дигар навъ сӯзишворӣ бетағйир аст. Зимнан бензини АИ 92 – 7, 8 сомонӣ, АИ 95 – 8, 2 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 11, 8 сомонӣ дар фурушанд.
Маводи сухт ба Тоҷикистон аз хориҷа асосан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0