Номашон байналмилалию хизматрасонӣ не: Барномаи таҷдиди фурудгоҳҳои Тоҷикистон

© SputnikЛюди в аэропорту
Люди в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2023
Обуна шудан
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон аз оғози барномаи таҷдиди фурудгоҳҳои кишвар хабар дода, таъкид намуд, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ мешаванд
ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Тамоми фурудгоҳҳои Тоҷикистон ба меъёрҳои байнулмилалӣ бояд мутобиқ гардонида шаванд.
Ин нуктаро директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, Дилшод Сафарзода зимни нишасти матбуотии ниҳодаш баён дошта, афзуд, ки татбиқи барнома дар ин самт оғоз шудааст.
Ба иттилои Сафарзода бо Корпоратсияи сохтмони фурудгоҳҳои граждании Чин ва ширкати “Cosmelt” - и Имороти Муттаҳидаи Араб дар ин маврид гуфтушунидҳо анҷом шудааст.
“Дар умум, намояндагони се ширкати аморатӣ ба Тоҷикистон омада, бо вазъи фурудгоҳҳои Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Душанбе ошно шуданд. Онҳо бояд таҳлилҳояшонро гузаронанд ва тарҳҳоро ба анҷом расонда, дар худи ширкатҳояшон таъйид кунанд", - гуфт ӯ.
Пассажир с багажом в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2023
Як мусофиру 10-15 гуселу пешвозгир: шарҳи мушкили тартиботу тозагӣ дар фурудгоҳи Душанбе
Раиси Агентӣ илова намуд, ки бо иттифоқи ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди иқдоми минбаъда тасмимгирӣ хоҳад шуд.
"Мо талош мекунем, ки аз ҳисоби сармоягузорӣ тарҳҳоро таъмини молӣ кунем, агар грант ба даст овардем, боз беҳтар хоҳад буд”, - гуфт Сафарзода.
Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон афзуд, ширкатҳо фурудгоҳҳоро аз рӯи компонентҳо тақсим мекунанд, масалан, яке қитъаи транзитиро месозад, дигарӣ, даруни терминал, сеюмӣ метавонад дар умум фурудгоҳро таҷдид кунад.
“Мақоми ҳамаи фурудгоҳҳо байнулмилалӣ аст, аммо аз рӯи хизматрасониву дигар стандардҳо ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ нестанд. Масалан, фурудгоҳи Бохтар, зонаи транзитии стандартӣ надорад", - изҳор дошт вай.
Сафарзода изҳор дошт, ки тамаркузро қабл аз ҳама ба таҷдиди қитъаҳои транзитӣ мекунанд, то хизматрасонӣ ба мусофироне, ки мехоҳанд тариқи транзит аз Тоҷикистон ба кишвари сеюм равад, тибқи стандарт бошад.
Вай афзуд, ҳар созишномае, ки ҳосил шуд, ҳатман эълон мешавад ва ҳоло аз ин бештар чизе гуфта намешавад, зеро хулосаи ниҳоӣ нашудааст.
Аксари фурудгоҳҳои Тоҷикистон қадомати аз 50 то 100 солро доранд ва то ба ҳол таҷдид нашудаанд, ба истиснои фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд. Фурудгоҳҳои байнулмилалии Душанбе соли 2014 пурра ва Хуҷанд соли 2019 қисман таҷдид шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0