Тоҷикистон аз рӯи захираи сурма дар ҷаҳон дар ҷои дувум қарор дорад

CC BY 2.0 / James St. John / Сурьма, архивное фото
Сурьма, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2023
Обуна шудан
Сардори Саридораи геологияи Тотористон аз захираҳои ҳангуфти канданиҳои фоиданок дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла сурма хабар дод
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Тоҷикистон аз рӯи захираи сурма дар ҷаҳон дар ҷои дуюм қарор гирифтааст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе сардори Саридораи геологияи Тотористон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.
Ба гуфтаи вай, аз рӯи захираи сурма дар ҷои аввал дар ҷаҳон Чин қарор гирифтааст. Дар ҷои дуввум Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Аммо миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистон аз рӯи захираи сурма дар ҷои аввал аст.
Ин дар ҳолест, ки раҳбари “Тоҷикглавгеология” мушаххас накард, ки ҳаҷми захираи сурма дар Тоҷикистон чӣ қадар аст.
Слитки золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2023
Кашфи 10 кони нави тило дар Тоҷикистон
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода илова кард, ки дар ҷумҳурӣ 11 кони сурма мавҷуд аст.
“Нӯҳ кон дар водиҳои Зарафшону Ҳисор ҷойгиранд”, - афзуд сардори Саридораи геологияи Тотористон.
Ба гуфтаи Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар Тоҷикистон ҳамчунин 10 кони ояндадори тило мавҷуд аст, ки захираи онҳо мавриди таҳқиқ қарор мегирад.
Лентаи хабарҳо
0