Тоҷике миллион доллар бурид: Ӯ кист?

© Sputnik / Михаил Кутузов / Гузариш ба медиабонкДоллари ИМА. Акс аз бойгонӣ
Доллари ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2023
Обуна шудан
Баргаи лотое, ки шаҳрванди Тоҷикистонро миллионер кард, аз тариқи интернет ба ивази 1 ҳазор доллари амрикоӣ харидорӣ карда шудааст
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Тоҷикистоние дар лотереяи Аморати Муттаҳаидаи Араб дар оғози моҳи феврал 1 млн доллар бурд, иттилоъ дод дафтари матбуоти фурудгоҳи байналмилалии Дубай.
Ба иттилои манбаъ, зодаи Тоҷикистон дар силсилаи 413-уми лотереяи машҳури арабӣ, ки рӯзи 1 феврал дар терминали 2-юми фурудгоҳи байнулмилалӣ баргузор шуд, миллионер шудааст.
Аз баранда шаҳрванди Тоҷикистон, Абдувалӣ Аҳмадалӣ ном бурда мешавад, ки баргаи лоторо таҳти рақами 4226 рӯзи 16 январ тавассути интернет харидааст.
Гуфта мешавад, ки зоҳиран марди тоҷик ҳанӯз намедонад, ки соҳиби миллион доллар шудааст, чун то ҳол аз худ дарак надодааст. . Дастандарткорони чорабинӣ ӯро ҷустуҷӯ карда, хохиш мекунанд, ки барои гирифтани бурд ба маъмурияти лотерея муроҷиат кунад.
График на экране монитора, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2022
Руҳониёни Русия ба мусалмонон хариду фурӯши саҳмияҳоро иҷозат доданд
Илова бар ин, ғолиби дигаре низ ҳаст, ки бурд кардааст, аммо ҳанӯз барои гирифтани он ҳозир нашудааст. Аз ӯ зодаи Шри-Ланка Ясас Налин Патирана ном бурда мешавад, ки мотосикли "BMW R nineT Pure" буридаст.
Барандаи сеюм шаҳрванди 48-солаи Ҳиндустон Амит Сарафе аст, ки соҳиби мошини "Mercedes Benz S500" шуд. Қобили зикр аст, ки ӯ дар соли 2021 аллакай ҷоизаи асосии ин лото - 1 млн долларро гирифта буд.
Маврид ба зикр аст, ки ин лото дар Амороти Муттаҳидаи Араб аз соли 1999 баргузор мешавад ва то ҳол 1 млн долларро намояндагони мухталифи 49 кишвари ҷаҳон бурд кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0