Аз кафолати Путин барои ҳифзи ҷони Зеленский то тахрибкории Ғарб: Ошкоргӯиҳои Беннет

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Израиля Нафтали Беннет
Премьер-министр Израиля Нафтали Беннет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2023
Обуна шудан
Собиқ сарвазири Исроил мегӯяд, президенти феълии Украина танҳо баъди он, ки кафолати амнияти ҷонашро аз сӯи президенти Русия шунид, бункерро тарк кард
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Нахуствазири собиқи Исроил, Нафтали Беннет, аз аз музокирот дар марҳилаи аввали амалиёти низомии Русия дар Украина гуфт.
Ӯ зимни суҳбат, ки наворашро дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, аз хоҳиши президенти Украина, Владимир Зеленский барои тамос бо раисҷумҳури Русия, Владимир Путин гуфт.
Беннет изҳор дошт, ки аз президенти Русия дар мавриди қасди ҷони Зеленский надоштани ҷониби Маскавро шунид ва ин маълумотро ба президенти Украина нарасонд. Ба гуфтаи ӯ, Зеленский баъди гирифтани ин маълумот ба утоқи корияш баргашту навор сабт кард, ки аз чизе наметарсад.
Вай ҳамчунин афзуд, ки Ғарб музокироти Русия ва Украинаро халалдор кард. Ба гуфтаи Нафталӣ Беннетт дар оғози амалиёти вижа миёни Русия ва Украина миёнарав буд ва музокироти ду кишвар аз сӯи кишварҳои ғарбӣ халалдор шудааст.
 Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2023
Русия
Володин хостори муҷозоти ИМА барои ҷиноёт алайҳи башарият шуд
"Ҳамаи амалҳои ман то хурдтарин ҷузъиёт бо Амрико, Олмон ва Фаронса ҳамоҳанг карда шуданд... Онҳо гуфтушунидро қатъ карданд",- гуфт Беннетт дар мусоҳибааш, ки дар YouTube-каналаш нашр шуд.
Ба гуфтаи нахуствазири собиқи Исроил, аммо Ғарб тасмим гирифт, ки "Путинро шикаста, музокира накунад".
Ӯ гуфт, пеш аз он ки Ғарб ба музокироти Русия ва Украина халал ворид кунад, дастикам 17 тарҳи созиши оташбас омода шуда буд.
Маврид ба зикр аст, ки аз моҳи феврали соли 2021 амалиёти вижаи Русия дар Украина идома дорад, ки ҳадафи он ҳимояи сокинони Донбасс гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0