Маълум шуд, ки чанд тоҷикистонӣ дар Русия "ВНЖ" ва "РВП" дорад

© Sputnik / Алексей КуденкоВид на жительство иностранного гражданина в отделении по вопросам гражданства РФ
Вид на жительство иностранного гражданина в отделении по вопросам гражданства РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2023
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Русия шумораи тоҷикистониҳоеро эълон кард, ки дар ФР санади иқомати доимӣ ва ҳуҷҷати иқомати муваққатиро доранд
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Ба ҳолати аввали соли равон дар Русия ҳудуди 121 ҳазор тоҷикистонӣ санади иқомати доимӣ ё худ ВНЖ доранд.
Дар ин бора Вазорати умури дохилии Русия хабар дода, афзудааст, ки теъдоди тоҷикистониҳои дорои санади иқомати доимию муваққатӣ афзоиш ёфтааст.
Манбаъ афзуд, инчунин ҳудуди 48 ҳазор тоҷикистонӣ санади иқомати муваққатӣ - РВП доранд.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар соли 2022 зиёда аз 173,6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русиягӣ гирифтаанд. Ҳамин тариқ шумораи умумии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли 2022 шаҳрвандӣ гирифтаанд ё соҳиби РВП ва ВНЖ мебошанд, ба зиёда аз 340 ҳазор нафар баробар гардидаст.
Ҷаҳиши шаҳрвандигирии тоҷикистониҳо дар Русия: Чанд нафар шиносномаи русӣ гирифт?
Дар ин бора Вазорати умури дохилии Русия хабар дода, афзудааст, ки теъдоди тоҷикистониҳое, ки соли 2022 ба шаҳрвандии ФР қабул гардиданд, дар муқоиса бо нишондоди соли пешӣ 70 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.
Аз ҳама зиёд дар соли гузашта шаҳрвандии Русияро украиниҳо соҳиб гардидаанд. Ба иттилои ВУД Русия теъдоди шаҳрвандигирии украиниҳо дар муқоиса бо соли 2021 коҳиш коҳиш ёфта, дар соли 2022 ба 297 ҳазор нафар баробар шудааст.
Тоҷикистониҳо дар соли 2022 аз рӯи шумора баъди Украина дар ҷойи дуюм қарор доранд.
Ба иттилои ВУД, соли 2022 нисбати 691 ҳазору 45 нафар қарор дар бораи қабул ба шаҳрвандии Русия қабул шудааст. Ин омор нисбат ба соли 2021 ҳудуди 44 ҳазор нафар камтар аст. Манбаъ афзуд, ки соли 2021 шумораи хориҷиҳое, ки шаҳрвандии Русия гирифтанд, 735,3 ҳазор буд.
Лентаи хабарҳо
0