Парвиз Мушарраф даргузашт

© AP / Anjum NaveedБывший президент Пакистана Первез Мушарраф
Бывший президент Пакистана Первез Мушарраф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2023
Обуна шудан
Собиқ раисҷумҳур ва сарвазири Покистон, ки дар пайи табадлулоти низомии будуни хунрезӣ ба сари қудрат омада буд, бар асари бемории тӯлонӣ даргузашт
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Президенти пешини Покистон, Парвиз Мушарраф, ки аз бемории амилоидоз дар Дубай ранҷ мебурд, дар синни 79-солагӣ дар Дубай даргузашт.
Мушарраф соли 1943 дар Деҳлӣ таваллуд шуда, баъди ба даст овардани истиқлолияти Покистон у академияи ҳарбиро хатм карда, дар ҷангҳои зиддин Ҳиндустон иштирок намуд.
Вай дар нирӯҳои мусаллаҳи Покистон чанд мақом дошт ва дар соли 1998 раиси ситоди нерӯҳои хушкигарди Покистон шуд. Соли 1999 дар Покистон дар пайи табаддулоти низомии бидуни хунрезӣ ба қудрат расид.
Мушарраф аввал нахуствазири ин кишвар шуд ва аз соли 2001 то соли 2008 раисиҷумҳур буд. Вай дар соли 2008 дар пай таҳдиди импичмент ихтиёраназ мақомаш истеъфо дода, чанд сол дар хориҷа зиндагӣ мекард.
Мужчина молится на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2023
Даргузашти адабиётшиноси маъруфи тоҷик Мирзо Муллоаҳмад
Бо истифода аз интихоботи соли 2013 талоши бозгашти дубора ба қудрат кард, аммо муваффақ нашуд. Худи ҳамон сол нисбати ӯ бо иттиҳоди хиёнат ба ватан парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда буд.
Додгоҳи Исломобод моҳи декабри соли 2019 Парвиз Мушаррафро барои хиёнат ва саркашӣ аз иҷрои Қонуни асосии кишвар ба ҳукми қатл маҳкум намуд.
Тафтишот вайро аз ҷумла дар он гунаҳкор намуд, ки соли 2007 дар кишвар вазъияти фавқулодда ҷорӣ кард ва фармон дод, ки аъзои Суди Олӣ ҳабс карда шавад.
Тибқи қонунҳои Покистон, ҳар касе, ки сарқонунро тавассути истифода ё намоиш додани қувва вайрон мекунад, дар хиёнат гунаҳгор дониста мешавад. Ҳамзамон, хиёнати шадид боиси ҷазои қатл ё ҳабси якумра мегардад.
Қарори додгоҳ дар мавриди Парвиз Мушарраф баъди ғайриконститутсионӣ эълон гардида, аз эътибор соқит шуд. Худи ӯ бо иҷозати додгоҳ аз соли 2016 барои муолиҷа дар Дубай қарор дошт ва дар он ҷо даргузашт.
Лентаи хабарҳо
0