Ҷаҳиши шаҳрвандигирии тоҷикистониҳо дар Русия: Чанд нафар шиносномаи русӣ гирифт?

Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Русия шумораи шаҳрвандони хориҷиро, ки дар давоми 12 моҳи соли гузашта ба шаҳрвандии ФР қабул гардидаанд, эълон намуд
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дар соли 2022 зиёда аз 173,6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русиягӣ гирифтаанд.
Дар ин бора Вазорати умури дохилии Русия хабар дода, афзудааст, ки теъдоди тоҷикистониҳое, ки соли 2022 ба шаҳрвандии ФР қабул гардиданд, дар муқоиса бо нишондоди соли пешӣ 70 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.
Аз ҳама зиёд дар соли гузашта шаҳрвандии Русияро украиниҳо соҳиб гардидаанд. Ба иттилои ВУД Русия теъдоди шаҳрвандигирии украиниҳо дар муқоиса бо соли 2021 коҳиш коҳиш ёфта, дар соли 2022 ба 297 ҳазор нафар баробар шудааст.
Тоҷикистониҳо дар соли 2022 аз рӯи шумора баъди Украина дар ҷойи дуюм қарор доранд.
Стоимость патентов для мигрантов в России в 2023 году - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2023
Нархи патент дар 84 минтақаи Русия барои соли 2023 - тасвирбаён
Дар умум шаҳрвандони хориҷӣ аз моҳи январ то декабри соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 камтар шаҳрвандии Русияро қабул намудаанд.
Ба иттилои ВУД, соли 2022 нисбати 691 ҳазору 45 нафар қарор дар бораи қабул ба шаҳрвандии Русия қабул шудааст. Ин омор нисбат ба соли 2021 ҳудуди 44 ҳазор нафар камтар аст. Манбаъ афзуд, ки соли 2021 шумораи хориҷиҳое, ки шаҳрвандии Русия гирифтанд, 735,3 ҳазор буд.
Илова бар ин, тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар соли 2022 вазорат вуруди беш аз 141 ҳазор шаҳрвандони хориҷиро ба Русия манъ кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 қариб 35 ҳазор нафар камтар аст.
Лентаи хабарҳо
0