Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ва Сурия аз 500 нафар гузашт

© AP / Ghaith AlsayedРазрушения после землетрясения в сирийском Азмарине
Разрушения после землетрясения в сирийском Азмарине  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2023
Обуна шудан
Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ва Сурия майли афзоиш дошта, мақомот дар минтақаҳои осебдида ҳолати изтирории дараҷаи баланд эълон кардаанд
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Теъдоди қурбониёни заминларзаи шадид дар Сурия ва Туркия аз 500 нафар гузашт, ки дар миёни онҳо беш аз 230 суриягӣ ва дастикам 280 шаҳрванди Туркия ҳастанд.
Дар вилоятҳои Ҳалаб, Латакия, Ҳама ва Тартус 237 нафар кушта ва 639 нафар маҷрӯҳ шудаанд, иттилоъ дод РИА "Новости" аз қавли Вазорати тандурустии Сурия.
Дар Туркия, ба гуфтаи ноиби президенти ин кишвар, Фуат Октай, 284 нафар кушта ва 2383 нафари дигар захмӣ ва захмӣ шудаанд.
Аксари ҳалокшудагон дар вилояти Қаҳрамонмараш - 70 нафар мебошанд. Аксари захмиён дар вилояти Шанлиурфа – тақрибан 600 нафар ба қайд гирифта шудаанд.
Разрушения после землетрясения в сирийском Азазе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2023
Шаҳру аҳолӣ дар зери харобаҳо: оқибати заминларза дар Туркия ва Сурия - аксҳо
Заминларза субҳи 6 феврал дар ҷануби Туркия дар Қаҳрамонмараш ба вуқӯъ пайваст, манотиқи атрофро низ такон дод. Шиддати заминларза то 7,4 - 7,8 бал арзёбӣ мешавад, ки марази он дар умқи 18 километр, тақрибан 33 километрии шаҳри Газиантеп будааст.
Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ин заминларза қавитарин аз соли 1995 инҷониб мебошад. Он дар Кипр, Лубнон ва Миср эҳсос карда шудаст.
Пизишкон ва гурӯҳҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ба маҳалли харобшуда дар Туркия рафтанд.
Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба ҳамаи шаҳрвандони аз заминларза осебдида ҳамдардӣ баён карда, изҳори умед намуд, ки кишвар ин офати табииро бо талафоти кам ва ҳарчи зудтар паси сар хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0