Раҳмон ба Асад: Дар ин лаҳзаҳои сангин бо мардуми дӯсти Сурия ҳамдардем

© AFP 2023Президент Сирии Башар Асад. Архивное фото
Президент Сирии Башар Асад. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2023
Обуна шудан
Раҳбари Тоҷикистон баъд аз заминларзаи шадид, ки дар Сурия ҷони садҳо нафарро гирифт, ба раисиҷумҳури ин кишвар Башор Асад барқияи тасаллӣ фиристод
ДУШАНБЕ, 6 февраль — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, баъд аз заминларзаи шадид ба раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
"Хабари заминларзаи шадид дар кишвари дӯсти Сурия, ки боиси фавтидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардида, хисороти ҳангуфтеро дар пай дошт, муҷиби андӯҳи беандозаи мо гардид", - омадааст дар барқияи тасаллӣ.
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи худ ба мардуми дӯсти Сурия изҳори ҳамдардии амиқ кардааст.
Ӯ ба пайвандону наздикони ҷонбохтагон сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.
Визит президента Эмомали Рахмона в Туркмению - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2023
Ҳамдардии Раҳмон ба Эрдуғон
Ёдовар мешавем, ки заминларзаи 7,4 бала соати 04:17 дар вилояти Қаҳрамонмароси Туркия рух дода, дар чанд шаҳр харобиҳои зиёде ба бор овард.
Дар чанд манотиқи Сурия низ заминларзаи шадид рух додааст. Тибқи маълумоти охирини Вазорати тандурустӣ, 403 нафар дар ин заминларза кушта шуданд ва 1684 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, бар асари заминларза дар Туркия 2824 бино фурӯ рехта аст. Дар ҳоли ҳозир берун овардани осебдидагон аз зери харобаҳо идома дорад.
Ҳоло дар бораи 1014 кушта ва беш аз 5 ҳазор захмӣ маълум аст. Теъдоди дақиқи қурбониён то ҳол маълум нест, ҷустуҷӯ зери харобаҳо идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0