Афзоиши беморони фарбеҳӣ миёни наврасону кӯдакон дар Суғд

© UnsplashКартофель фри
Картофель фри - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2023
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд сабаби афзоиши бемории фарбеҳӣ дар вилоятро ба рияо накардани реҷаи парҳезӣ ва камҳаракатӣ рабт медиҳад
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар вилояти Суғд 9926 нафар бо бемории фарбеҳӣ ба қайд гирифта шудаанд. Бояд гуфт, ки дар соли гузашта ин шумора 8618 нафарро ташкил медод, дар ин бора иттилоъ додааст зимни нишасти матбуотӣ раёсати тандурустии вилояти Суғд.
Тибқи иттилои ҳамин ниҳоди давлатӣ аз 9926 нафари беморони фарбеҳӣ 8669 нафарашро калонсолон, 736 нафараш кӯдакони то 14 сола ва 521 нафарашро наврасони синни мактабӣ ташкил медиҳад.
Дар соли 2021 ба ин бемори тибқи иттилои ҳамин манбаъ 7682 калонсол, 605 кӯдакони то 14 сола ва 331 навраси синни мактабӣ гирифтор шуда буд.
Манбаъ қайд кардааст, ки бори аввал ба қайд гирифташудагон дар соли гузашта 2308 нафарро ташкил медиҳанд.
В детском саду колхоза Социализм - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
СҶБ сатҳи фарбеҳии кӯдакон дар Тоҷикистонро арзёбӣ кард
Дар ҳамин ҳол Раёсати тандурустии вилояти Суғд зикр кардааст, ки сабаби зиёд шудани теъдоди беморон ба фарбеҳӣ ин риоя накардани реҷаи парҳезӣ мебошад.
Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, сабаби дигари афзоиши беморони фарбеҳӣ ин камҳаракатӣ ва машғул нашудан ба варзиш мебошад.
Ёдовар мешавем, ки пештар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар гузоришаш хабар дода буд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сатҳи пасти фарбеҳии кӯдакон сабт шудааст.
Дар ин гузориш гуфта шуда буд, ки дар Тоҷикистон вазни зиёдатӣ дар 5-12% кӯдакон ба қайд гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0