Ҳунарманди шинохта тоҷик Чилахон Холов даргузашт

© Sputnik / Амир ИсаевЧилахон Холов, таджикский певец, исполнитель фалака, заслуженный артист Таджикистана
Чилахон Холов, таджикский певец, исполнитель фалака, заслуженный артист Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2023
Обуна шудан
Овозхони фалаксарои шинохтаи тоҷик Чилахон Холов пас аз бемории тӯлонӣ дар шаҳри Душанбе дар синни 66-солагӣ аз олам чашм пӯшид
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дӯстону наздикони ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Чилахон Холов дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи даргузашти ӯ хабар додаанд.
Ба гуфтаи наздикону дӯстон Чилахон Холов пас аз бемории тӯлонӣ шаби гузашта дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Маросими ҷанозаи ӯ имрӯз, 8-уми феврал дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои пойтахт баргузор мегардад.
Ин овозхони шинохта аз чанд моҳ ба ин тараф аз беморӣ ранҷ мебурд. Ба Чиллахон Холов тақрибан як сол пеш ҷарроҳии гурда ҳам карда буданд.
Певец и актер Вахтанг Кикабидзе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2023
Вахтанг Кикабидзе даргузашт
Чилахон Холов, зодаи Кангурти минтақаи Кӯлоб буд ва худро яке аз пайравони Карими Шиш медонист.
Ин овозхони шинохта дар поёни солҳои 80 аз тариқи гурӯҳи "Ганҷина" ба саҳнаи бузург омад ва бештар сурудҳои мардумиро мехонд ва бо ҳамин сурудаҳояш дар байни мардум мухлиси зиёд дорад. Ӯ дар солҳои ахир бар пояи ашъори бузургони адабиёт суруд эҷод мекард.
Лентаи хабарҳо
0