Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Муҳориба барои деҳе, ки таъминоти нерӯҳои украиниро дар Артемовск қатъ мекунад

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащий РФ на Запорожском направлении
Военнослужащий РФ на Запорожском направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2023
Обуна шудан
Нерӯҳои Русия талош доранд, охирин роҳеро, ки аз тариқи он таъминоти нерӯҳои Украина дар шаҳри Артемовск амалӣ мешавад, зери назорат бигиранд
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Воҳидҳои Русия дар минтақаи Парасковевка меҷанганд ва бо забт кардани як деҳаи дигар, охирин масири таъминоти қувваҳои мусаллаҳи Украинаро дар Артемовск қатъ хоҳад шуд.
Ин нуктаро иҷрокунандаи раиси Ҷумҳурии Мардумии Донестк, Денис Пушилин, зимни суҳбат аз тариқи Шабакаи аввали телевизиони Русия баён дошт.
"Баъди озод шудани Красная Гора, ки ҳоло дар он поксозиҳои охирин амалӣ шуда истодаанд, имконият фароҳам мешавад, ки куллан ба гирифтани Парасковевка машғул шавем", - гуфт ӯ.
Вай тавзеҳ дод, ки ин маҳалли аҳолинишин дар навбати худ имконият медиҳад, ки роҳ ба Часов Яр баста шаваду охирин роҳи таъминот ба Артемовск баста гардад.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Донетск таъкид намуд, ки феълан дар ин минтақа ҷангҳои шадид идома доранд. Нерӯҳои Украина иқдоми пешгӯишаванда, аз қабили бастани роҳ барои бегонаҳо ба Артемовскро амалӣ карда истодаанд.
Ахиран ишғоли Красная Гора аз ҷониби ихтиёриёни отрядҳои ҳамлавар бо дастгирии оташфишонии нерӯҳои мушакӣ ва артиллерияи гурӯҳи ҷанубии қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби Вазорати мудофиа тасдиқ карда шуд.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин тасдиқ кард, ки ба пирӯзии Русия итминон дорад
Артёмовск дар қисмати таҳти назорати Киев дар шимоли Горловка ҷойгир аст. Ин як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Донбасс аст.
Аз 24 феврали соли гузашта инҷониб Русия амалиёти вижаи низомиро барои нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина анҷом медиҳад.
Президенти Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Назди артиш вазифаҳои озод кардани Донбасс ва кафолати амнияти Русия гузошта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0