Премьер-министр РФ М. Мишустин спускается по трапу - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо
Боздиди сарвазири Русия аз Тоҷикистон рӯзҳои 2 ва 3 март дар назар аст

Расулзода: Русия ва Тоҷикистон бояд ҳамкориҳои таърихиро барқарор намоянд

© Пресс-служба Президента Республики Казахстан / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2023
Обуна шудан
Сарвазири Тоҷикистон зимни суханрониаш дар ҳамоиши байниминтақавӣ дар Душанбе гуфт, кишварҳо бояд бахшҳои нави сармоягузорӣ ва тиҷоратро роҳандозӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, дар ҳошияи конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд гуфт, ду кишвар бояд самтҳои нави сармоягузориро пайдо намоянд.
“Мо бояд самтҳои нави сармоягузорӣ ва тиҷоратиро инкишоф дода, ҳамкориҳои таърихиро барқарор намоем ва занҷирҳои саноатӣ эҷод кунем", - гуфт Расулзода.
Вай хостори таъсиси як бунёди сармоягузории Русияву Тоҷикистонро шуд, чунки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба таври комил аз роҳандозӣ нашудаанд.
Премьер-министр РФ М. Мишустин и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2023
Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо
Раҳмон бо Мишустин дар Душанбе чиро баррасӣ кард?
Расулзода аз соҳибкорони рус даъват кард, ки аз шароити фароҳам овардашуда истифода намуда, дар ҳама соҳаҳо ҳамкорӣ кунанд.
Ӯ ҳамчунин хулоса кард, ки ин чорабинии муштарак аз хоҳиши дарёфти нуктаҳои умумии рушд ва рушди устувории шарикии стратегӣ шаҳодат медиҳад.
"Вақт нишон дод, ки равобити Тоҷикистону Русия ба вазъи беруна вобаста нест ва бар пояи “конъюнктура” бунёд нашудааст."
Лентаи хабарҳо
0