Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Муҳосираи наздик ба 10 ҳазор сарбози украинӣ дар Артёмовск

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкРабота танкистов в зоне СВО
Работа танкистов в зоне СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2023
Обуна шудан
Мушовири раҳбари Ҷумҳурии Марадумии Донетск гуфт дар шари Артёмовск наздик ба 10 ҳазор сарбози украинӣ дар муҳосира қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Дар Артёмовск, ки дар муҳосираи оперативӣ қарор дорад, тақрибан 10 ҳазор низомии украинӣ ҳузур доранд, гуфт мушовири раҳбари Ҷумҳурии Мардумии Донетск (ҶМД) Ян Гагин дар мусоҳиба дар шабакаи телевизионии "Россия".
"Ҳоло дар Артемовск як гарнизони хеле бузург боқӣ мондааст - тақрибан даҳ ҳазор нафар, шояд каме бештар. Баъзе қисмҳо ин шаҳрро тарк карданд, баъзе қисмҳо талош доранд онро тарк намоянд. Айни замон тӯпҳои кӯшиш доранд онҳоро нобуд созанд", - гуфт ӯ.
Тавре мушовири раҳбари ҶМД қайд кард, нерӯҳои Русия тамоми даромадгоҳҳои шаҳрро зери назорат доранд, аз ин рӯ, интиқоли лавозимоти ҷангӣ ва ҳамлу нақли низомиён барои ба ин шаҳр барои артиши Украина "мушкил ва хатарнок" шудааст.
"Ман истисно намекунам, ки талош барои интиқоли аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангӣ ба Артемовск сурат мегирад. Инчунин кӯшишҳо барои баромадан аз муҳосира ва ратан ба сӯйи деҳаи Часов Яр анҷом дода мешавад”, — зикр кард Гагин.
Ба гуфтаи вай, "дар минтақа як макони муҳосираи наве ба вуҷуд омадааст, ки онро метавон бо Дебалтсево ва ғайра муқоиса кард, ки қаблан нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар он "афтида" буданд”.
Президент Украины Владимир Зеленский, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Расонаҳо: Миёни президенту фармондеҳи нерӯҳои Украина нофаҳмӣ сурат гирифтааст
Артемовск дар қисмати таҳти назорати Киев, дар шимоли шаҳри бузурги Горловка ҷойгир аст. Ин як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини гурӯҳи нерӯҳои украинӣ дар Донбасс аст.
Қаблан муассиси гурӯҳи Вагнер Евгений Пригожин гуфта буд, ки сарбозон амалан шаҳрро дар муҳосира қарор доданд.
Ахиран низ ду маъмури амниятии Украина эълон карданд, ки воҳидҳои онҳо дастури тарки ин шаҳрро гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0