Гонорари Лоиқ Раҷабов дар UFC маълум шуд

© Foto / Акс аз саҳифаҳои иҷтимоии Лоиқ РаҷабовБоец Лоик Раджабов
Боец Лоик Раджабов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2023
Обуна шудан
Размикори тоҷик дар қавитарин лигаи ҷаҳон ғолибият ба даст овард ва инак нахустин гонорари худро аз UFC гирифт
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Лоиқ Раҷабов размикори тоҷик аввалин пирӯзии худро дар лигаи UFC ба даст овард. Тавре як манбаи наздик ба варзишгарон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Раҷабов ҳоло дебютанти ин лига аст ва аз ин ҳоло наметавонад маблағи калон талаб кунад.
"Масалан, Лоиқ Раҷабов барои набард ҳамчун дебютант 13 ҳазор доллар ва барои пирӯзӣ 13 ҳазор доллар, дар маҷмӯъ 26 ҳазор доллар гирифтааст. Ҳамзамон аз маблағи умумӣ 33 дарсад андоз пардохт шудааст", - афзуд манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ 10% -ро мураббӣ ва 15 % -ро менеҷер мегирад.
"Ҳамин тавр, каме бештар аз 10 000 доллар насиби варзхишгар мешавад. Ин аз маблағи сарпарастӣ ва афроди дигаре, ки метавонанд ба варзишгар чизе бидиҳад, ҷудо аст. Чунин ҳисобҳо ба ҳама мусобиқаҳо дахл доранд", - афзуд манбаи Sputnik Тоҷикистон.
Барои ба даст овардани маблағи баланд дар UFC, бояд бо пирӯзӣ дар мусобиқаҳо дар рейтинги миёни размикорон боло равад.
Ёдовар мешавем, ки нахустин қувваозмоии Лоиқ Раҷабов дар мусобиқаи UFC 285 бар зидди Эстебан Рибовичи аргентинӣ сурат гирифт.
Ӯ ҳамагӣ як ҳафтаи пеш пешниҳоди набард бо размикори аргентиниро гирифт, дар ҳоле, ки дар муҳорибаҳои омехта варзишгарон камаш 2-3 моҳ ба мубориза омодагӣ мебинанд.
Боец Лоик Раджабов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2023
Раҷабов размикори шикастнадидаро дар UFC мағлуб карду рекорд гузошт
Набард шадид буд: Раҷабов ва ҳарифаш чанд борҳо накаут шуданд, вале дар охир бо қарори доварон пирӯзӣ насиби варзишгари тоҷик шуд.
Бо ин кор ӯ дар UFC дар байни ҳамаи дебютҳо рекорд гузошт. Дар муборизаи аввал варзишгар 11 маротиба тейкдаунтҳои муваффақро ба самар расонд.
Зимнан, варзишгари дигари тоҷик - Нурулло Алиев низ дар мусобиқаи UFC Fight Nignt нахустин қувваозмоии худро бо пирӯзӣ анҷом дода буд.
Дар даври аввал рақибаш Рафаэл Алвес, аз Бразилия ба довар шикоят кард, ки варзишгари тоҷик ангушти ӯро газид. Дар натиҷа Алиев як хол гирифт, аммо ин ба натиҷа таъсир нарасонд - ӯ бо қарори доварон пирӯз шуд.
Лентаи хабарҳо
0