Хоб будем, замин ҷунбид: Эҳсосоти сокинони Суғд аз зилзилаи ахир - видео

Обуна шудан
Пас аз заминларза шадид дар Туркия ва Сурия, ки ҷони даҳҳо ҳазор нафарро гирифт, мардуми тоҷик низ ба ваҳм омаданд
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз мардум пурсид, ки ҳангоми сар задани заминларза онҳо дар кадом ҳолат буданд ва чӣ кор карданд.
Ёдовари мекунем, ки шаби 22 ба 23 март, тақрибан соати 01:07 дақиқа заминларзаи шадид Тоҷикистонро такон дод.
Давоми ду рӯзи охир ин дуввумин заминларзаи шадид бо дараҷаи беш аз 7 балла гуфта мешавад.
Осеби ду сокин ва талафоти даҳҳо сар чорво дар Кӯҳистони Мастчоҳ бар асари заминларза
Бар асари заминларза ду сокини деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ захм бардоштаанд, ки хушбахтона дараҷаи осеби онҳо сабук буда ташвишовар нест.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ аз ҳисоби шиддати заминларзаҳо, ки давоми як рӯзи охир беш аз 7 маротиба рух додааст, панҷ деҳаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зарар дидаанд.
Мақомоти КҲФ таъйид намуданд, ки дар умум беш аз 700 иморату иншооти сокинон тахриб гардида, ҳудуди 150 сар чорвои хурду калон пурра ва ё қисман зарар дидаанд.
Лентаи хабарҳо
0