Яхҳо об мешаванд: Раисҷумҳури Эрон ба Арабистони Саудӣ меравад

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Ирана Эбрахим Раиси
Президент Ирана Эбрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2023
Обуна шудан
Теҳрон ахиран эълон доштааст, ки раисҷумҳури Эрон ба даъвати подшоҳи Арабистони Саудӣ барои сафар ба Риёз посухи мусбат дода аст
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Муъовини аввали раисҷумҳури Эрон Муҳаммади Мухбир ахиран аз даъвати подшоҳи Арабистони Саудӣ аз раисҷумҳур Иброҳим Раисӣ барои дидор ва гуфтугу бо якдигар хабар доду гуфт, малик Салмон аз Раисӣ даъват кард, ки посухи мусбат ба ин даъват дода шуда аст.
Вай гуфт, роҳбурдҳои аслии Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон иртиқои равобит бо кишварҳои минтақа буда аст.
Қобили зикр аст, ки тавофуқиду кишвар барои барқарории равобити ду ҷониба ки бо миёнҷигарии Чин анҷом шуд, истиқбол бисёре аз мақомоти расмӣ ва шахсиятҳои сиёсию иҷтимои кишварҳои ҷаҳонро ба ҳамроҳ дошт.
Аксари онҳо иброз умедворӣ карданд ки ин тавофуқи тағироти қобили таваҷҷуҳиро дар муодилоти минтақае эҷод хоҳад карду мунҷар ба коҳиши сатҳи танишҳо дар ҳавзаи халиҷ Форс хоҳад шуд.
Министерство иностранных дел Таджикистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2023
Мақоми тоҷик: тааҳудоти худ барои узвияти комили Эрон дар СҲШ-ро иҷро кардаем
Барои мисол ба гуфтаи раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон Муҳаммадбоқири Қолибоф эҳёи равобит бо Арабистон як гоми муҳим дар ростои суботи минтақа ва Халиҷи Форс ва тавсеаи сиёсӣ ва иқтисодии ҳамкориҳои минтақаӣ аст.
Ҳамзамон сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ ахиран гуфта буд, ки кишвараш аз тасмими Теҳрон ва Риёзро барои азсаргирии равобити дипломатик ҳимоят мекунад.
Ин мақоми тоҷик, изҳор доштааст, ки вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз тавофуқи ду кишвар барои барқарории муносиботи дипломатик истиқбол карда ва ин иқдомро қадамии муҳим дар ростои таҳкими субот дар минтақаи ховари миёна арзёбӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0