Ифтитоҳи Фестивал – озмун “Парасту – 2023” дар Душанбе – видео

Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи расмии Фестивали “Парасту – 2023” баргузор гардид
Ба иттилои вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал – озмун “Парасту – 2023” аз 27 апрел то 4 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе идома меёбад.
Ин фестивал бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 85 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2023” баргузор мегардад.
Баргузории Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2023”
Дар Фестивал – озмун 18 театри касбии ҷумҳурӣ иштрок менамоянд ва онҳо беҳтарин намоишномаҳое, ки тӯли солҳои 2021 – 2022 рӯи саҳна омадаанд, барои мухлисони санъати театрӣ ва қазовати ҳайати ҳакамон пешниҳод мекунанд.
Дар доираи ҷашнвораи мазкур ду мизи мудаввар: “Хушназар Майбалиев – арбоби барҷастаи санъати тоҷик” ва “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” бо иштироки мунаққидон ва театршиносон дар назар аст.
Бо дастури президент: Чаро бархе сокинони Тоҷикистон Наврӯзро охири апрел ҷашн мегиранд?
Мавриди зикр аст, ки Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2023” анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба баргузор мегардад ва дар он театрҳои касбии тамоми манотиқи кишвар ширкат менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0